Павел Климкин, вазири корҳои хориҷии Украина рӯзи якшанбе гуфтааст, ки кишвараш масъалаи хориҷ шудан аз ҳайати ИДМ-ро баррасӣ дорад.
Бино ба иттилои Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Климкин зимни суҳбат бо телевизиони "112-Украина" низ қайд кардааст, ки "равобити иқтисодии Киеву Москва дар ояндаи наздик ба сатҳе, ки то оғози нооромиҳои Донбас буд, бар нахоҳад гашт".
Ба гуфтаи вай, табодули мол миёни Украина ва Русия то оғози даргириҳо 37%-ро ташкил дода, ҳоло он то ба 5% поин рафтааст.
Киев ҳанӯз соли 2014 гуфта буд, ки қасди хориҷ шудан аз ҳайати ИДМ-ро дорад. Вале Вазорати корҳои хориҷии Украина баъдан гуфт, кишвараш тасмим гирифтааст, ки ҳадди поини иштирок дар иттиҳодро нигоҳ дорад, зеро робитаҳои иқтисодиро намешавад якбора ба ҳам зад.