Имкони рақобати 2 дастаи Тоҷикистон дар як гурӯҳи мусобиқаи Ҷоми КФО

То оғози аввалин бозии расмии чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) беш аз 2,5 моҳ боқӣ монда бошад ҳам, коршиносони футболи Осиё тақвими баргузории бозиҳои гурӯҳии минтақаи Осиёи марказиро муайян карданд.  Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, тибқи ин коргузорӣ, бозии нахустини чемпиони кишвар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ моҳи […]

АМИТ «Ховар»

То оғози аввалин бозии расмии чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон «Истиқлол»-и Душанбе дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) беш аз 2,5 моҳ боқӣ монда бошад ҳам, коршиносони футболи Осиё тақвими баргузории бозиҳои гурӯҳии минтақаи Осиёи марказиро муайян карданд. 

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, тибқи ин коргузорӣ, бозии нахустини чемпиони кишвар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ моҳи март баргузор мешавад, аммо рақиби нахустини онҳо баъди анҷом ёфтани ду раунди бозиҳои плей-офф бо ширкати дастаҳои «Дурдой»-и Қирғизистон бо «Балкан»-и Туркманистон ва «Ҳосилот»-и Фархор» бо «Шоҳин Асмоӣ»-и Афғонистон, ки ғолибони ҷуфтҳо барои ба марҳалаи гурӯҳӣ шомил шудан бо ҳам мубориза мебаранд, муайян хоҳад шуд.

Коршиносони футболи ватанӣ бар онанд, ки «Ҳосилот»-и Фархор дар баробари дастаҳои мазкур барои ба бозиҳои гурӯҳӣ шомил шудан шонси беҳтар дорад ва шояд аввалин бозиашро «Истиқлол» бо дастаи «Ҳосилот» барпо намояд.

Ин дар ҳолест, ки «Истиқлол» ва «Ҳосилот» 25 феврал барои Суперҷоми Тоҷикистон, ки оғозбахши мавсими футбол дар мамлакат мебошад, бо ҳам қувва меозмоянд.

Ба ҳамин тартиб, тақвими бозиҳо дар гурӯҳи «D»-и минтақаи марказӣ ба шакли зер роҳандозӣ шудааст:

Даври 1

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф

«Алай» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 2

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби плей-офф – «Алай» (Қирғизистон)

Даври 3

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алай» (Қирғизистон)

Ғолиби плей-офф – «Алтин Асир» (Туркманистон)

Даври 4

«Алай» (Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – Ғолиби плей-офф

Даври 5

Ғолиби плей-офф – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Алай» (Қирғизистон)

Даври 6

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Алай» (Қирғизистон) – Ғолиби плей-офф

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд