АНОНС
– Рақибони қаҳрамони футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 маълум мешаванд;
– Дар меҳмонхонаи «Hilton Petaling Jaya» дар Куала-Лумпур семинари маърифатии Конфедератсияи футболи Осиё баргузор мешавад, ки дар кори он намояндагони дастаҳои иштирокчии мусобиқаи Ҷоми КФО ва Лигаи чемпионҳои мавсими 2017, аз ҷумла намояндагони дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот»-и Фархор низ ширкат меварзанд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 7.8775 сомонӣ;
1 евро – 8.3557 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1253 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
2007 — Дар Душанбе ҷаласаи сеюм дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор шуд.
2010 — Дар Брюссел ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доир гардид.
2011 – Президенти Тоҷикистон аз ширкатҳои Siemens ва Bosch боздид намуда, бо Олмон се санадро ба имзо расонид.
1826-1897 — Зодрӯзи нависанда, шоир ва рассом Аҳмади Дониш.
1916-1996 – Мавлуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон Нерё Аминов.
1924-2001 – Зодрӯзи ходими ҷамъиятӣ Рауф Додобоев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона -2+3; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона -1+4; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).
Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона -1+4; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона 0-5.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо аксаран бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ каме барф меборад, баъзан туман.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -3+4.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +9+11.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +4+6.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +6+8.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона 0-2.


