Консерти пуршукӯҳ дар «Лужники» ба ифтихори 80-солагии Оғохон

Дар варзишгоҳи «Лужники» шаҳри Маскав ба ифтихори 80-солагии пешвои рӯҳониии исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оғохони IV рӯзи 11 декабр бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти пуршукӯҳ доир гардид. Муддати сеюним соат Далер Назаров, Нобовар Чаноров ва гурӯҳи «Шамс», Ҳақназар Аловатов, гурӯҳи «Зафар» ва дигар ҳунармандони тоҷик табъу хотири беш аз 5 ҳазор нафар тамшобинонро […]

Asia-Plus

Дар варзишгоҳи «Лужники» шаҳри Маскав ба ифтихори 80-солагии пешвои рӯҳониии исмоилиёни ҷаҳон Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оғохони IV рӯзи 11 декабр бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти пуршукӯҳ доир гардид.

Муддати сеюним соат Далер Назаров, Нобовар Чаноров ва гурӯҳи «Шамс», Ҳақназар Аловатов, гурӯҳи «Зафар» ва дигар ҳунармандони тоҷик табъу хотири беш аз 5 ҳазор нафар тамшобинонро шоду болида гардониданд.

Консерт бо дастгирии Шӯрои миллии исмоилиёни Ҷамоати Русия, роҳбарони минтақаҳои Ҷамоати Русия ва ташкилотҳои ҷамъиятии «НУР» ва «Помир» ташкил карда шуд.

https://www.youtube.com/watch?v=RAlZE-m-EUI

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Чаҳорумин Оқохон (13 декабри 1936, Женева, Швейсария) имоми ҳозири шиъиёни исмоилии низорӣ аст ки пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Севумин Оқохон дар 11 июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоъилиёни ҷаҳон шуд. Вай чиҳилу нӯҳумин имоми исмоилиёни низорӣ аст.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ 13 декабри соли 1936 дар Женеви Швейсария дар хонаводаи Шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон зода шудааст. Дорои дипломи таърихи Ислом аз Донишгоҳи Ҳарвард аст. Вай замоне масъули ёриҳои кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид будааст.

Вай бунёдгузор ва сарвари «Шабакаи Тавсеъаи Оқохон» (AKDN) аст.

Оқохон чаҳор фарзанд дорад: шаҳдухт Заҳро Оқохон, шаҳзода Раҳим Оқохон ва шаҳзода Ҳусейн Оқохон аз Бегим Салима Оқохон ва шаҳзода Алӣ Муҳаммад Оқохон аз Бегим Инора Оқохон.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.