Дар ҳолати аз тарафи банкомат баста шудани корт чӣ бояд кард.

Дар мавзӯи гузашта мо оид ба чӣ кор кардан дар ҳолати гум шудани корти пардохтӣ гуфтем. Имрӯз мо, дар бораи дар ҳолати аз банкомат баста шудани корт чӣ бояд кард, сухан меронем. Принсипи фаъолияти банкоматҳо чунин тарҳрезӣ шудааст, ки агар Шумо дар муддати 30-40 сония кортро нагирифтед – банкомат онро баргашта «фурӯ мебарад». Ин гуна […]

Маводи шарикӣ

Дар мавзӯи гузашта мо оид ба чӣ кор кардан дар ҳолати гум шудани корти пардохтӣ гуфтем. Имрӯз мо, дар бораи дар ҳолати аз банкомат баста шудани корт чӣ бояд кард, сухан меронем.

Принсипи фаъолияти банкоматҳо чунин тарҳрезӣ шудааст, ки агар Шумо дар муддати 30-40 сония кортро нагирифтед – банкомат онро баргашта «фурӯ мебарад». Ин гуна чора баҳри бехатарӣ ва барои ба дасти шахси бегона наафтодани корт амалӣ мегардад. Аз ин рӯ кортро саривақт, ҳангоми пайдо шудан дар равзана, бояд гирифт.

Сабабҳои аз тарафи банкомат мусодира шудани корт гуногунанд:

1. Нодуруст дохил кардани Пин-код.

2. Носозии техникӣ (хомӯш шудани барқ, вайрон шудани банкомат).

3. Осеб дидани корт ё гузаштани мӯҳлати он.

4. Аз ҷониби бонк баста шудани амалиёти корт.

Дар ҳолати аз тарафи банкомати бонки шумо баста шудани корт чӣ бояд кард?

Пеш аз ҳама, ба хадамоти дастгирии корти бонкӣ занг зада, аз ин ҳолат хабар диҳед. Рақамҳои телефони хадамот дар банкоматҳо навишта шудаанд; муроҷиати саривақтӣ барои эҳтиёт кардани маблағи суратҳисоб кӯмак мекунад. Ҳатман рақамҳои телефони хадамоти дастгирии кортҳои бонкиро дар рӯйхати рақамҳои телефонӣ нигоҳ доред.

Дар ҳолати аз тарафи банкомати бонки бегона баста шудани корт чӣ бояд кард?

Баъзан одамон аз хизматрасонии банкоматҳои дигар бонкҳо истифода мебаранд. Агар корт аз тарафи банкомати бонки “бегона” баста шавад, аввалин коре, ки Шумо бояд кунед, ин бекор кардани амалиёт аст, шояд банкомат кортро баргардонад. Рақами телефони бонки дар банкомат навишташуда, суроғаи ҷойгиршавӣ ва замони фурӯ рафтани кортро навишта гиред. Пас аз он ба хадамоти дастгирии кортҳои бонки мазкур занг зада, рақамҳои корт, маълумоти шиносномаатонро гуфта, чӣ ҳодиса рӯй доданашро фаҳмонед.

Инчунин барои қатъи амалиёти ҳисоби корт ба бонки худ занг занед.

Дар бонки дигар шиносномаро нишон дода,  барои баргардонидани корт ариза навиштан лозим аст.

Одатан, мӯҳлати баргардонидани корт 1-2 рӯзро дар бар мегирад. Дар баъзе ҳолатҳо аз нав барориши корт бо Пин-код ва рақами  нав осонтар аст. Ҳисоби корт ва тавозуни он бетағйир боқӣ монда, корти гумшударо касе истифода бурда наметавонад.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.