Гунаҳкории низомии русиягӣ аз Тоҷикистон ба ҷалби ҳамкораш ба сафҳои ДИ

Додгоҳи ҳарбии минтақаи Қафқози шимолӣ Зафар Холов, зодаи Тоҷикистон, сержанти калони Қувваҳои мусаллаҳи Русияро дар қасди ҷалби ҳамкораш-капитани артиши Русия ба сафи ДИИШ гунаҳкор донист. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти расонаҳои Русия, Зафар Холов, ки дар артиши ин кишвар тариқи шартнома кор мекард, моҳи декабри соли 2015 боздошт гардидааст: “Алайҳи ӯ […]

Хабаргузории «Озодагон»

Додгоҳи ҳарбии минтақаи Қафқози шимолӣ Зафар Холов, зодаи Тоҷикистон, сержанти калони Қувваҳои мусаллаҳи Русияро дар қасди ҷалби ҳамкораш-капитани артиши Русия ба сафи ДИИШ гунаҳкор донист.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон» бо такя ба маълумоти расонаҳои Русия, Зафар Холов, ки дар артиши ин кишвар тариқи шартнома кор мекард, моҳи декабри соли 2015 боздошт гардидааст: “Алайҳи ӯ бо моддаи 205.1-и Кодекси ҷиноятӣ, барои мусоидат ба фаъолияти террористӣ парванда боз шуда, баррасии он 14 декабр хотима ёфт”.

Ба иттилои мақомоти тафтишотӣ, Зафар Холов, ки вазифаи фармондеҳи отделенияи қисми ҳарбӣ дар Владикавказро бар ӯҳда доштааст, замони суҳбат бо яке аз ҳамкоронаш, муттахасиси зиддимушакӣ, мехостааст ӯро бо роҳи тағйири ақида ва ё таъсири психологӣ ба ДИИШ ҷалб намояд: “Холов дар додгоҳ гуфтааст, ҳадафаш бовар кунондани ҳамкораш барои рафтан ба Сурия набуд. Ман ҳеч гоҳ радикал набудам. Ин танҳо гуфтугӯи нодуруст буд”.

Манбаъ гуфтааст, Холов дар артиши Русия 15 сол собиқаи корӣ дошта, дар ин муддат ҳеч гоҳ ба ҷавобгарӣ кашида нашудаст: “Дар як қатор амалиёти зиддитеррористӣ дар Қафқози Шимолӣ иштирок намудааст ва аз ҷониби Вазорати мудофиаи ин кишвар бо медал “Барои хизмати тулонӣ” сарфароз гардонда шудааст. Ӯ ду фарзанди 5 ва 2-сола доштааст”.

Зикр мегардад, ки додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда Зафар Холовро ба панҷ соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум карда, рутбаи ҳарбияшро бекор намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.