Намоиши ду филми истеҳсоли Тоҷикистон дар ҷашнвораи филмҳои миллии Маскав

Date:

Аз 17 то 24 декабр дар пойтахти Русия – шаҳри Маскав ҷашнвораи филмҳои миллӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикфилм», дар ҷараёни ҷашнвора ду филми истеҳсоли Тоҷикистон- «Мушкилкушо»-и Умед Мирзоширинов ва «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов намоиш дода мешаванд.

Гуфта мешавад, намоиши филмҳои тоҷикӣ рӯзҳои 19 то 23 декабр дар толори синамои «Иллюзион» сурат мегирад. Дар баробари филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон, дар ҷашнвора намоиши филмҳои коргардонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Эстония низ дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...