Такмили дониш ва бозомӯзии 90 журналист дар Академияи ВАО

Имрӯз дар бинои Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон маросими тақдими шаҳодатномаҳо (сертификатҳо)-и ин муассиса ба шунавандагони  машғулиятҳои омӯзишӣ доир гардид. Тавре директори Муассиса Зинатуллоҳ Исмоилзода дар ибтидо изҳор дошт, давоми соли 2016 90 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили кишвар дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос иштирок намуда, донишҳои назариявӣ ва […]

Asia-Plus

Имрӯз дар бинои Муассисаи давлатии Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон маросими тақдими шаҳодатномаҳо (сертификатҳо)-и ин муассиса ба шунавандагони  машғулиятҳои омӯзишӣ доир гардид.

Тавре директори Муассиса Зинатуллоҳ Исмоилзода дар ибтидо изҳор дошт, давоми соли 2016 90 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақили кишвар дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос иштирок намуда, донишҳои назариявӣ ва амалии худро такмил додаанд.

– Имрӯз бошад – мегӯяд Исмоилзода, – 18 нафар шунавандагон ба дарёфти шаҳодатномаҳои хатми машғулиятҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои асосоти наворбардорӣ дар синамо ва телевизион ва таҳияи барномаҳои соҳавӣ барои журналистони русзабон мушарраф гардиданд.

 Мутахассиси варзидаи соҳаи наворбардорӣ Георгий Дзалаев аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки ба машғулиятҳои доирнамудаи Академияи ВАО аз тамоми шабакаҳо наворбардорон даъват гардида, такмили маҳорати наворбардорон дар оянда низ ба роҳ монда мешавад.

– Тарзи пешниҳоди матлаб дар барномаҳои телевизионӣ маҳорати хоса металабад, – мегӯяд продюсери барномаҳои Ширкати байнидавлатии «Мир» Илҳом Маҳкамов. – Аз ин хотир иқдоми Академияи ВАО дар бобати такмили ихтисоси барандагон ва муҳаррирони русзабони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ саривақтӣ мебошад.

Муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли 2016 бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда, ҳадафи таъсиси он тарбия, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони васоити ахбори кишвар мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио