ВКХ Тоҷикистон куштори сафири Русия дар Туркияро маҳкум кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба ҳамтои русиягии худ Сергей Лавров номае ирсол намуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон фоҷиаи дар шаҳри Анкара рухдода сахт маҳкум мешавад. «Қатли сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов амали ғайриинсонӣ буда, ба вайрон намудани  тамоми меъёр ва қоидаҳои тартиботи ҷаҳони мутамаддин равона карда шудааст», – омадааст дар нома. […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба ҳамтои русиягии худ Сергей Лавров номае ирсол намуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон фоҷиаи дар шаҳри Анкара рухдода сахт маҳкум мешавад.

«Қатли сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов амали ғайриинсонӣ буда, ба вайрон намудани  тамоми меъёр ва қоидаҳои тартиботи ҷаҳони мутамаддин равона карда шудааст», – омадааст дар нома.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар нома гуфта мешавад, ки ин амали ваҳшиёна бевосита ба мушкилоти умумиинсонӣ, аз қабили терроризм ва экстремизм вобастагӣ дошта, дар мубориза бар зидди он Тоҷикистон ва Русия мавқеи ягона доранд.

«Ҳамкориҳои ду кишвар дар масъалаҳои мубориза бар зидди чунин ҷолишҳо дар муносибатҳои дуҷониба мақоми афзалиятнок дошта, дар оянда низ ҷиҳати таҳкими талошҳои муштарак дар сатҳи дуҷонибаву бисёрҷониба тамоми чораҳои имконпазир андешида мешаванд», – қайд мешавад дар номаи ВКХ Тоҷикистон

Дар хотима Сироҷиддин Аслов  ба аҳли хонавода ва наздикони дипломат, ки то охирин лаҳзаи ҳаёташ дар хизмати халқу кишвараш буд, изҳори ҳамдардии амиқи худро баён намудааст.

Ёдрас мекунем, ки сафири Русия дар Туркия Андрей Карлов ҳангоми суханронӣ дар осорхонае дар Анкара кушта шуд. Президенти Туркия Реджеп Тайип Эрдуғон изҳор дошт, ки барои таҳқиқи ҳодисаи куштори сафири Русия дар Туркия ҷонибҳо гурӯҳи муштараки тафтишотӣ созмон медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.