Содирот бештар ба Қазоқистону Туркия ва воридот аз Чину Русия

Кишварҳои қабулкунандаи молу маҳсулоти Тоҷикистон асосан Туркия ва Қазоқистон маҳсуб ёфта, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 40%-аш ба ин кишварҳо рост меояд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон аз Тоҷикистон ба Туркия ба маблағи 173 мл. доллар ва ба Қазоқистон […]

Asia-Plus

Кишварҳои қабулкунандаи молу маҳсулоти Тоҷикистон асосан Туркия ва Қазоқистон маҳсуб ёфта, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон тӯли 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 40%-аш ба ин кишварҳо рост меояд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли равон аз Тоҷикистон ба Туркия ба маблағи 173 мл. доллар ва ба Қазоқистон ба маблағи 168 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуда, ҳаҷми умумии маблағи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон дар ин давра 809 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Кишварҳои асосии воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон Русия ва Чин мебошанд. Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 900 млн. доллар ва аз Чин ба маблаги 781 млн. доллари ИМА маҳсулот ворид шуда, ҳаҷми умумии маблағи маҳсулоти воридшуда ба ҷумҳурӣ дар ин давра беш аз 2,7 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тӯли 11 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 3,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 8,3% ё худ 322 млн. доллари ИМА камтар аст. Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва зиёда аз 1,9 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Аз оғози сол Тоҷикистон бо 109 кишвари ҷаҳон муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Чин маҳсуб ёфта, тайи 11 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Русия 948 млн. доллари ИМА ва Тоҷикистону Чин – 822 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.