Дар Душанбе беш аз 360 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон имрӯз маросими навбатии нобудсозии маводи мухаддири мусодирашуда доир гардид. Дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони мақомоти суду прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ дар оташдони махсуси Агентӣ 368 килову 271 грамм маводи нашъаовар ба коми оташ рафт. – Аз ҷумла, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон имрӯз маросими навбатии нобудсозии маводи мухаддири мусодирашуда доир гардид.

Дар ҳузури комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони мақомоти суду прокуратура ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ дар оташдони махсуси Агентӣ 368 килову 271 грамм маводи нашъаовар ба коми оташ рафт.

– Аз ҷумла, 7 килову 984 грамм маводи нашъаовари сахттаъсири героин, 110 килову 910 грамм афюн, 111 килову 425 грамм ҳашиш, 136 килову 700 грамм бангдона ва 1 килову 425 грамм ҳабҳои МДМА нобуд карда шуд, ки дар 15 парвандаи ҷиноӣ ба сифати далели шайъӣ истифода шуда, нисбати ин парвандаҳо ҳукми суд мавриди амал қарор гирифтааст, – хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар Хушнуд Раҳматуллоев.

Ҳамаи маводи мухаддири сӯзонидашуда аз ҷониби кормандони Агентии маводи нашъаовар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар ҷараёни баргузории амалиёту чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи мусодира шудааст.

Қобили зикр аст, ки давоми 17 соли фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ дар оташдонҳои он беш аз 17,5 тонна маводи мухаддири навъҳои гуногун нобуд карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.