Таъсиси ниҳоди ҳимоякунандаи ҳуқуқи тоҷирон дар Тоҷикистон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои давраи солҳои 2016-2020-ро маъқул шуморид. Дар барнома таъсиси ниҳоди Ваколатдор (Омбудсмен) оид ба ҳимояи ҳуқуқи тоҷирон, Агентии рушди саромоягузорӣ ва содирот, ҳамчунин Маркази амалисозии лоиҳаҳои муштараки бахши хусусӣ ва давлатӣ пешбинӣ шудааст. Ба гуфтаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод, мутобиқи барнома дар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои давраи солҳои 2016-2020-ро маъқул шуморид.

Дар барнома таъсиси ниҳоди Ваколатдор (Омбудсмен) оид ба ҳимояи ҳуқуқи тоҷирон, Агентии рушди саромоягузорӣ ва содирот, ҳамчунин Маркази амалисозии лоиҳаҳои муштараки бахши хусусӣ ва давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод, мутобиқи барнома дар шаҳрҳои Турсунзода, Хуҷанд, Хоруғ ва гузаргоҳи марзии Панҷи Поён бунёди чор марказҳои нақлиётӣ, экологӣ ва ҳамлу нақл (логистикӣ) дар назар аст.

Ғайр аз ин, дар барнома то соли 2020 ба андозаи то 10 фоиз кам кардани сатҳи ба доллар вобаста будани иқтисоди Тоҷикистон, ҳамасола муҳайё кардани на камтар аз 100 ҳазор ҷойи корӣ, се маротиба афзудани амволи ташкилотҳои қарзӣ ва то ба 44 млрд. 354 млн. сомонӣ расонидани ҳаҷми умумии онҳо ба нақша гирифта шуда, дар доираи амалисозии он шумори долонҳои транзитӣ дар кишвар зиёд карда мешаванд.

Ба қавли Давлатзод, барнома аз рӯи се сенария – пессимистӣ (ноумедона), воқеъбинона ва хушбинона амалӣ шуда, мутобиқи сенарияи аввал афзоиши ҳамасолаи ҳаҷми ММД то 3-4 фоиз поин рафта, хароҷоти иҷтимоӣ дар сатҳи имрӯза боқӣ мемонад ва ҳиссаи саноат дар ММД начандон (12,5 фоиз) афзуда, ҳиссаи бахши аграрӣ – 22 фоизро ташкил хоҳад дод.

«Дар сенарияи воқеъбинона афзоиши ҳамасолаи ҳаҷми ММД ба андозаи 6-7 фоиз ва дар сенарияи хушбинонаи амалисозии барнома – то 12 фоиз пешбинӣ шудааст», – қайд кард муовини вазир.

Дар барномаи қабулшуда афзоиши ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон ба андозаи 1,1 баробар, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот – 1,7 баробар, коҳиши воридот – 7-8 фоиз пешбинӣ шуда, сатҳи таваррум 6-7 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио