Эрон бори навбатӣ нияти сохтмони роҳи оҳан бо Тоҷикистонро изҳор кард

Идораи роҳи оҳани Эрон (RAI) дар бораи оғози гуфтушунидҳо доир ба сохтмони роҳи оҳан миёни Эрон-Туркманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хабар медиҳанд. «Гуфтушунидҳо дар робита ба ин масъала мувофиқи натиҷаҳои ҳосилшуда аз сафари чанде қабли президенти Эрон Рӯҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ шуданд», – гуфтааст ба хабаргузории эронии Mehr муовини роҳбари RAI Мирҳасан Мӯсавӣ. Ӯ […]

Asia-Plus

Идораи роҳи оҳани Эрон (RAI) дар бораи оғози гуфтушунидҳо доир ба сохтмони роҳи оҳан миёни Эрон-Туркманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон хабар медиҳанд.

«Гуфтушунидҳо дар робита ба ин масъала мувофиқи натиҷаҳои ҳосилшуда аз сафари чанде қабли президенти Эрон Рӯҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ шуданд», – гуфтааст ба хабаргузории эронии Mehr муовини роҳбари RAI Мирҳасан Мӯсавӣ.

Ӯ қайд кардааст, ки мақомоти масъули идораҳои роҳи оҳани чор кишвари зикршуда ба гуфтушунидҳо пардохтааанд ва вохӯрии минбаъдаи онҳо давоми нимсолаи аввали соли оянда баргузор мешавад.

Мирҳасан Мӯсавӣ таъкид доштааст, ки Эрон дар маҷмӯъ ба алоқаи роҳи оҳан бо кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ тавсеъа бахшиданист.

Аввали моҳи августи соли равон иттилоъ дода будем, ки нақшаҳои минбаъда оид ба сохтмони роҳи оҳани Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чинро роҳбарони идораҳои нақлиёти 5 кишвар дар шаҳри Теҳрон баррасӣ карданианд. Масофаи умумии роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Тоҷикистон – Афғонистон – марзи Эрон ба ҳудуди 2 ҳазор километр тӯл мекашад. Масофаи қисмати тоҷикистонии роҳ беш аз 580 километрро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, барои амалисозии лоиҳаи қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани мазкур беш аз 3,2 млрд. доллари ИМА маблағ зарур аст. Қаблан барои таҳияи санади арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳа Эрон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. доллари ИМА грант ҷудо карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио