Танӯрҳо кӯчонида шуданд, алҳол бидуни пешниҳоди ивази он ба чизи дигаре

Date:

Давоми соли равон дар шаҳри Душанбе чандин ҳазор сохтмонҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла беш аз ҳазор танӯрҳо кӯчонида шуданд.

Дар ҳамин ҳол, мебояд хотиррасон намуд, ки мақомоти шаҳрдории пойтахт ба сокинон ваъда дода буд, ки танӯрҳои муосир месозад. Мардум интзор шуданд, вале чизе ҳосил нашуд, зеро дар ин хусус алҳол қарори ниҳоӣ қабул нашудааст…

Ҳафтаи гузашта дар ҳисоботи солонаи Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев доир ба натиҷаҳои аксияи «130 рӯзи ободонӣ дар шаҳр» қайд кард, ки дар ин давра 164 дӯкон, 1144 танӯр, 3273 мошинсарой (гараж), 134 контейнери ғайриқонунӣ сохташуда бартараф гардида, 559 ҳазору 279 метри мураббаъ қитъаи замини худсарона азхудшуда ба ҳолати пешинаашон баргардонида шудаанд.

Тобистони соли равон Расулов Ашурбег, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар ин робита изҳор дошта буд, ки дар Душанбе танӯрҳои наву замонавӣ пайдо мешаванд ва бо ин мақсад шаҳрдорӣ лоиҳаҳои ангории якчанд намуди танӯрҳои замонавиро таҳия дорад, ки баъдан тибқи озмун интихоб ва дар назди биноҳои истиқоматӣ насб карда хоҳанд шуд.

Танӯрҳо назди хонаҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе аз аввали солҳои 90-ум пайдо шуданд. Аҳолии пойтахт ба ҳар гунае, ки метавонистанд, рӯзгорашонро пеш мебурданд. Бисёре аз аҳолии минтақаҳо бо фирор аз ҷанг ва мушкилоти иқтисодӣ маҷбур шуданд, ки ба шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахт кӯч банданд.

Камбуду қиматии барқ, бахусус дар мавсими тирамоҳу зимистон мардумро ба сохтани танӯрҳо дар назди манзилҳояшон водор намуд. Бо вуҷуди тез-тез кӯчонида шудани танӯрҳо, онҳо ҳозир ҳам сохта мешаванд. Ба сифати сӯзишворӣ барои он қариб ҳама чизи нолозим, аз қабили шоху барг, коғазкӯҳнаву картон, маснӯоти пластмассӣ ва ғайра истифода мешавад.

Соли 2008 мувофиқи Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитария дар Душанбе сохтани танӯрҳо манъ шуд. Шурӯъ аз соли 2012 мақомоти шаҳрдории Душанбе чандин маротиба изҳор намуда буд, ки сохтмон танӯрҳо дар пойтахт номақбул аст. Ин қарори худро шаҳрдорӣ бо он асоснок мекунад, ки ин сохтмонҳо симои шаҳрро халалдор намуда, ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нестанд ва вазъи экологиро бад карда, барои сокинони шаҳр нороҳатиҳо ба вуҷуд меоранд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...