Насби танӯрҳои наву замонавӣ дар назди биноҳои истиқоматии пойтахт

Дар Душанбе танӯрҳои наву замонавӣ пайдо мешаванд. Бо ин мақсад шаҳрдорӣ лоиҳаҳои ангории якчанд намуди танӯрҳои замонавиро таҳия дорад, ки баъдан тибқи озмун интихоб ва дар назди биноҳои истиқоматӣ насб карда хоҳанд шуд. Дар ин бора рӯзи чоршанбеи 27 июл зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе,  Расулов Ашурбег, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе хабар […]

Давлатёри Байдулло



Дар Душанбе танӯрҳои наву замонавӣ пайдо мешаванд. Бо ин мақсад шаҳрдорӣ лоиҳаҳои ангории якчанд намуди танӯрҳои замонавиро таҳия дорад, ки баъдан тибқи озмун интихоб ва дар назди биноҳои истиқоматӣ насб карда хоҳанд шуд.

Дар ин бора рӯзи чоршанбеи 27 июл зимни суханронӣ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе,  Расулов Ашурбег, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Номбурда зикр кард, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ва сармеъмори шаҳри Душанбе низ бо назардошти ниёзи мардум ба ин гуна танӯрҳо, аз ин тасмим ҷонибдорӣ кардаанд. Акнун ба мавҷуд будани се-чор танӯр барои як бинои истиқоматӣ хотима гузошта шуда, минбаъд барои чандин бинои истиқоматӣ як танӯр гузошта хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ин  нақша баъд аз тахриби иншоотҳои ғайриқонунӣ дар доираи ободонии шаҳраку маҳаллаҳо сурат хоҳад гирифт. Инчунин масъалаи манбаъи сӯзишворӣ барои танӯрҳо низ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, тахриби танӯрҳои ғайриқонунӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ, ки ба талаботу меъёрҳои шаҳрнишинӣ ҷавобгў намебошанд,  бо тасмими шаҳрдории Душанбе чанд соли пеш гирифта шуда,  барои анҷом додани ин амалиёт як комиссияи ҳукуматӣ ташкил карда шудааст.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.