Тоҷикистон ба кумаки мададрасонҳои хориҷӣ умедвор аст

Барои амалисозии барномаи миёнамуҳлати рушд Тоҷикистон ба кумак аз ҷониби ниҳодҳои молии байнулмилалӣ умедвор аст. Баҳри татбиқи ин санад то соли 2020 ҳамасола 5 млрд. долларӣ маблағ зарур аст. Барои таъмини амалисозии афзалиятҳои барнома таҳиягарони он (Вазорати рушди иқтисод) ба ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ такя карда, сарчашмаи асосии молиявӣ –  воситаҳои буҷети давлатӣ ва ҳамчунин буҷетҳои […]

Барои амалисозии барномаи миёнамуҳлати рушд Тоҷикистон ба кумак аз ҷониби ниҳодҳои молии байнулмилалӣ умедвор аст. Баҳри татбиқи ин санад то соли 2020 ҳамасола 5 млрд. долларӣ маблағ зарур аст.

Барои таъмини амалисозии афзалиятҳои барнома таҳиягарони он (Вазорати рушди иқтисод) ба ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ такя карда, сарчашмаи асосии молиявӣ –  воситаҳои буҷети давлатӣ ва ҳамчунин буҷетҳои маҳаллӣ ва сармоягузорон дониста мешаванд.

«Дар муқоиса бо стратегияҳои пешини миёнамуҳлат, дар маблағгузории барномаи мазкур сармоягузориҳои хусусӣ – ҳам мустақиман хориҷӣ ва ҳам сармоягузории дохилӣ нақши муҳим доранд», – қайд мешавад дар санад.

Ғайр аз ин, сарчашмаи муҳими дигар воситаҳои қарзии ташкилотҳои бисёрсоҳа (ниҳодҳои молии байнулмилалӣ) хоҳанд шуд, ки истифодаи онҳо барои рӯйпӯш кардани касри буҷет пешбинӣ шудааст.

«Барои беҳбуди вазъи баргардонидани қарзи хориҷӣ ҷалби дастгирии беруна тавре сурат хоҳад гирифт, ки хатарҳои молӣ бартараф карда шаванд. Ҳамзамон пешбинӣ мешавад, ки шарикон оид ба рушд маблағгузориро аз ҳисоби воситаҳои грантӣ зиёд мекунанд», – зикр мегардад дар барнома.

Барои амалисозии барнома дар маҷмӯъ 25 млрд. доллари ИМА маблағ зарар буда, ҳиссаи захираҳои буҷетӣ – 13,5 млрд., сармоягузориҳо – 9 млрд. ва воситаҳои шарикон оид ба рушд – 2,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Муаллифони санад таъкид мекунанд, ки барои амалисозии ҳамаи афзалиятҳо, бахусус дар самти рушди устувор, воситаҳои сарчашмаҳои зикршуда нокофӣ хоҳанд буд. «Дар ин робита ҳукумат ба дастгирии афзалиятҳои барнома дар доираи ташаббусҳои нави Ҳадафҳои рушди устувор умедвор аст», – қайд мекунанд онҳо.

Дар ин санад гуфта мешавад, ҳукумат ба шарикон оид ба рушд ҷиҳати баргузор намудани гуфтушунидҳо муроҷиат мекунад, то ки аз афзалиятҳои тасдиқшудаи барномаи дастгирӣ шавад.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ба ҷумҳурӣ ба сифати қарзу грант ва кумаки техникӣ миллиардҳо доллар кумак карданд.

Ташкилоти мададрасони асосии Тоҷикистон Бонки осиёгии рушд мебошад, ки то имрӯз ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ҳудуди 1,5 млрд. доллари ИМА кумак кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҷумҳурӣ, айни замон ҳаҷми умумии қарзи Тоҷикистон назди ниҳодҳои байнулмилалии молӣ тақрибан 790 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.