Ғолиби озмуни «Омӯзгори соли 2016» муайян шуд

Муаллимаи мактаби кӯдакони лаёқатманди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Замира Рустамова дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016» ғолиб дониста шуд. Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ӯ аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо беҳтарин эътироф гардидааст. Рӯзи 29 декабр дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ аз озмуни «Омӯзгори соли […]

Asia-Plus

Муаллимаи мактаби кӯдакони лаёқатманди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Замира Рустамова дар озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016» ғолиб дониста шуд.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ӯ аз рӯи ҳамаи нишондиҳандаҳо беҳтарин эътироф гардидааст.

Рӯзи 29 декабр дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ аз озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2016» натиҷагирӣ шуд.

Тибқи маълумоти дастандаркорони ин чорабинӣ, ҳадаф аз баргузории озмун дарёфти омӯзгорони лаёқатманд, бештар навкору навовар ва эҷодкор дар фаъолияти касбӣ аст.

Ғолиби озмун ба ҷуз мукофотпулӣ, ҳамчунин бо туҳфаи хотиравӣ ва унвони «Аълочии маориф» сарфароз гардонида шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио