Ба коммунистони Тоҷикистон роҳбари муваққатӣ таъин шуд

Котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Мирзоазим Насимов муваққатан роҳбарии ин ҳизбро ба дӯш гирифт. Баъди даргузашти пешвои худ Исмоил Талбаков коммунистони тоҷик қариб ним моҳ бе роҳбар буданд. Вакил аз ҲКТ Ҷаббор Аҳмедов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки доктори илмҳои иқтисодӣ Мирзоазим Насимов, ки моҳи июли соли гузашта котиби ҳизб интихоб шуда […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Мирзоазим Насимов муваққатан роҳбарии ин ҳизбро ба дӯш гирифт. Баъди даргузашти пешвои худ Исмоил Талбаков коммунистони тоҷик қариб ним моҳ бе роҳбар буданд.

Вакил аз ҲКТ Ҷаббор Аҳмедов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки доктори илмҳои иқтисодӣ Мирзоазим Насимов, ки моҳи июли соли гузашта котиби ҳизб интихоб шуда буд, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲКТ таъин шудааст.

Қобили зикр аст, ки раиси нави ҳизб дар анҷумани ғайринавбатии ҲКТ, ки тобистони соли равон доир мегардад, интихоб хоҳад шуд.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов раиси ивазнашавандаи он буда, аввали моҳи июли соли гузашта муддати солҳои тӯлонӣ муовини аввали ӯ Исмоил Талбаков раиси ҲКТ интихоб шуд. Исмоил Талбаков санаи 16 декабри соли гузашта бемаҳал аз олам даргузашт.

Тибқи маълумоти коммунистон, айни замон Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳудуди 45 ҳазор нафар аъзо дорад.

Мирзоазим Насимов бародари собиқи прокурори генералии Тоҷикистон, собиқ котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Амирқул Азимов мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.