Насимов: Эҳтимоли ба роҳбарии ҲКТ баргаштани Шабдолов ба сифр баробар аст

Ба андешаи иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Мирзоазим Насимов, эҳтимоли ба роҳбарии ҳизб баргаштани сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов ба сифр баробар аст. Имрӯз «Азия-Плюс» бо Мирзоазим Насимов, ки баъди даргузашти раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба ин мансаб таъин шуд, мусоҳиба орост. «Шодӣ Давлатович барои Ҳизби коммунист ва тамоми Тоҷикистон хизматҳои арзандаи зиёде […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба андешаи иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) Мирзоазим Насимов, эҳтимоли ба роҳбарии ҳизб баргаштани сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов ба сифр баробар аст.

Имрӯз «Азия-Плюс» бо Мирзоазим Насимов, ки баъди даргузашти раиси ҲКТ Исмоил Талбаков ба ин мансаб таъин шуд, мусоҳиба орост.

«Шодӣ Давлатович барои Ҳизби коммунист ва тамоми Тоҷикистон хизматҳои арзандаи зиёде кардааст, ӯ солҳои барои коммунистон душвортарин роҳбар буд, замоне, ки танҳо барои коммунист буданат туро парронида метавонистанд, – таъкид дошт Насимов. – Ӯ имрӯз ҳам узви раёсат (президум)-и ҳизб буда, вале замони дигарон, сиёсатмадорони ҷавон фаро расидааст».

Ӯ дар бораи нақшаҳои ҳизб дар соли равон ибрози назар карда, изҳор дошт, ки аз соли нав нашри газетаи «Коммунисти Тоҷикистон» барқарор шуда, се маротиба дар як ҳафта бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба чоп мерасад ва қаблан бинобар сабаби мушкилоти молӣ, танҳо ду маротиба дар як сол ба нашр мерасид.

Ба қавли номбурда, вазифаи асосии коммунистон дар соли равон арзанда ҷашн гирифтани 100-солагии Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр ва дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба сафҳои ҳизб қабул кардани на камтар аз 100 нафар аъзои нав аст.

Зимнан зикр гардид, ки имсол коммунистон ният доранд, ки дар саросари кишвар таҳти унвони «Инқилоби Октябр дар тақдири халқи тоҷик» аксия баргузор намоянд.

Дар робита ба масъалаи даъвати анҷумани ғайринавбатии ҲКТ, ки дар он раиси нави ҳизб интихоб мешавад, М.Насимов зикр кард, ки санаи баргузории анҷумани мазкур дар пленуми ғайринавбатии ҳизб, ки аввали моҳи феврал дар назар аст, маълум мешавад.

Ёдрас мекунем, ки раиси ҲКТ Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. Талбаков 2 июли соли 2016 пешвои нави коммунистон интихоб шуда, дар ин мансаб Шодӣ Шабдолови 73-соларо иваз кард, ки тӯли 25-соли ахир сарварии ин ҳизбро бар дӯш дошт. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.