«Иҷорашин»-и ҳисорӣ барои қасди қатли соҳибхона 21 сол равонаи зиндон шуд

Шаҳрванд Меҳрубон Сироҷзода, ки дар қаламрави шаҳри Ҳисор муваққатан иқомат доштааст, барои қасди куштани соҳибхоназан, ки дар он ҷо иҷорашин будааст, ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, маҳкумшуда бо мақсади куштори соҳибхоназан ва тасарруф намудани амволи ӯ бо болғаи оҳанин ба сари зан якчанд зарба […]

Aваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаҳрванд Меҳрубон Сироҷзода, ки дар қаламрави шаҳри Ҳисор муваққатан иқомат доштааст, барои қасди куштани соҳибхоназан, ки дар он ҷо иҷорашин будааст, ба 21 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, маҳкумшуда бо мақсади куштори соҳибхоназан ва тасарруф намудани амволи ӯ бо болғаи оҳанин ба сари зан якчанд зарба задааст.

Гуфта мешавад, ӯ ҷабрдидаро фавтида гумон карда, гушворҳои ӯро аз гӯшҳояш кашида мегирад ва аз дигар ҳуҷраҳои хона молу мулки ӯро тасарруф ва аз ҷои ҳодиса ғайб задааст, вале соҳибхоназан  бо расонидани ёрии тиббӣ аз ҷониби писараш зинда монда, дар суд муқобили иҷорашинаш баёнот додааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.