КДАМ аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноии фаромиллиро дастгир кард

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон дар натиҷаи амалиёти махсус аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноии фаромиллиро дастгир карданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ, дар ҷараёни амалиёт аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша 70 кило маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Гуфта мешавад, зимни ҷамъоварии мълумот дар бораи ин гурӯҳ […]

Asia-Plus

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон дар натиҷаи амалиёти махсус аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноии фаромиллиро дастгир карданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ, дар ҷараёни амалиёт аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша 70 кило маводи нашъаовар мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад, зимни ҷамъоварии мълумот дар бораи ин гурӯҳ муайян шудааст, ки онҳо таҳти роҳбарии Камолиддин валади Тутӣ, сокини вулусволии Янгиқалъаи вилояти Тахори ҶИА ният доранд тариқи убури сарҳади давлатӣ ба хоки Тоҷикистон миқдори зиёди маводи мухаддирро ворид созанд.

«Зимни убури ғайриқонунии сарҳад аз ҷониби қочоқчиён, задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омада, дар натиҷа Камолиддин валади Тутӣ бо дигар қочоқчиёни афғон бо истифода аз торикии шаб ва мавқеи душвори ҷуғрофӣ ҷониби ҶИА фирор намуданд.

Ҳангоми муқовимати мусаллаҳона дар ҳудуди сарҳад ҳаракати ду мошини шубҳанок ба тарафи ҷамоати Панҷоби ноҳияи Ҳамадонӣ ба мушоҳида расид», – омадааст дар хабар.

Дар ҷараёни баргузории тадбирҳои минбаъдаи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 7 нафар аъзои гурӯҳ, шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт ва аз махфиогоҳи махсуси омодакардаи онҳо ҳудуди 68 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш, беш аз 2 кило бангдонаи хушконидашуда ва 1,5 кило афюн дарёфт шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.