Бовари Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии шарикони рушди Тоҷикистон

Дар Қасри Миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Россро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ ба масъалаҳои […]

Asia-Plus

Дар Қасри Миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Роҳбари миссияи Хазинаи Байналмилалии Асъор оид ба Тоҷикистон Пол Россро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни суҳбати самимӣ ба масъалаҳои гуногуни вазъи ҷаҳони муосир, аз қабили шиддатгирии бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, нақшаю дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи паст кардани шиддати таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт ва тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд бо роҳи дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб мегузоранд.

Густариш ва рушди бемайлони ҳамкориҳо дар оянда барои ҳар ду ҷониб судбахшу боровар арзёбӣ гардида ба сатҳи шарикии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар давоми 23 соли охир баҳои баланд дода шуд.

Ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеи бештари ҳамкориҳо таъкид карда, вохӯрии имрӯзаро иқдоми муҳим дар роҳи тақвияти густурдаи шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор арзёбӣ намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио