Президент соҳаҳои бештар ба фасод ғӯтавари кишварро номбар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки ба муносибати 10-солагии таъсисёбии ин мақоми махсуси мубориза ба муқобили коррупсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Агентии мазкур дар моҳи январи соли 2007 […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки ба муносибати 10-солагии таъсисёбии ин мақоми махсуси мубориза ба муқобили коррупсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Агентии мазкур дар моҳи январи соли 2007 ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки дар оянда низ тадбирҳои тақвиятбахшӣ ва самароварсозии фаъолияти Агентӣ дар самти таъмини шаффофияти раванди идоракунии маблағу воситаҳои давлатӣ ва ошкору пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолату амалҳои номатлуби коррупсионӣ идома дода мешавад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки таъсис ёфтани Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, қабули ду стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия, мутобиқ гардонидани қонунгузории кишвар ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ва шомилшавӣ ба шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд аз тадбирҳои дигару муҳиму саривақтие мебошанд, ки шароит фароҳам оварданд то афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо ба таври мусбат тағйир ёфта, соли 2015 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишондиҳандаи байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло бардошта шавад.

Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, вазорати нақлиёт, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазоратҳои адлия, маориф ва илм, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, комиссиариатҳои ҳарбӣ ва бонкдорӣ дар даҳ соли охир изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати бартарафсозии камбудиҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар маҷлис Директори АгентӣРустами Эмомалӣ оид ба нақшаю барномаҳои минбаъдаи корӣ дар самти пешгирӣ ва ошкорнамоии ҷиноятҳои коррупсионӣ сухан гуфта, ба Президенти Тоҷикистон барои ғамхорию дастгириҳои пайваста дар нисбати кормандони соҳа ва пешбурди сиёсати муваффақи зиддикоррупсионии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио