Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ ва ободонӣ дар Суғд

Ахири ҳафтаи гузашта дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд маъракаи ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва ободониву тозагӣ оғоз шуд. Бино ба итттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Гуфта мешавад, дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд бо иштироки теъдоди зиёди сокинон  маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён гирифт, ки дар он раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок кард. Раиси вилоят дар ин мавзеъ […]

Asia-Plus

Ахири ҳафтаи гузашта дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд маъракаи ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ва ободониву тозагӣ оғоз шуд.

Бино ба итттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Гуфта мешавад, дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Хуҷанд бо иштироки теъдоди зиёди сокинон  маъракаи ниҳолшинонӣ ҷараён гирифт, ки дар он раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок кард. Раиси вилоят дар ин мавзеъ худ бевосита дар шинонидани ниҳолҳо иштирок намуда, ҷиҳати дуруст ба шаклдарории ниҳолҳо ба мутасаддиёни соҳа маслиҳатҳои муфид дод.

Раиси вилоят ҳамзамон аз дигар қисмати хиёбони Истиқлол ва кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд низ дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва ободонии маҳалаҳо ба роҳбарияти мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла таъкид карда шуд, ки бояд марҳила ба марҳила тамоми хиёбони Истиқлол ба таъмиру таҷдид ва чароғонкунӣ фаро гирифта шуда, дар ду канори роҳи хиёбон дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шавад. Зимнан, дарозии умумии хиёбони Истиқлол беш аз 5 км буда, он соли гузашта дар рӯзҳои таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ гардид ва дар он Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” қомат афрохт.

Бояд қайд кард, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли гузашта оғоз ёфта, то ин дам аллакай дар ҳудуди шаҳр беш аз 700 бех ниҳолҳо шинонида шудааст. Мувофиқи нақша то охири мавсим бояд зиёда аз 2000 бех ниҳолҳои ороишиву ҳамешасаб ва сояафкан шинонида шавад.

Дар назар аст, ки бо мақсади зебо намудани муҳити атроф бо фаро расидани фасли баҳор дар марҳилаи аввал ҳамчунин дар кӯчаву хиёбон ва мавзеъҳои истироҳатии маркази вилоят 500 ҳазор дона гулҳои маҳаллӣ ва 200 ҳазор дона гулҳои ҳолландӣ шинонида шавад, ки шаҳри Хуҷандро боз ҳам зебову дилрабо мегардонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.