Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ КИТАОКА дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи таъмири бинои шӯъбаи корхонаи воҳиди давлатии (КВД) “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хучанд» ширкатт варзид.
Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчубаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ гардид. Аз тарафи Ҳукумати Ҷопон барои шӯъбаи КВД “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хучанд маблағи умумии 83,975 доллари ИМА ҳамчун грант баҳри баланд бартоштани захираҳои истеҳсолии марказ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ барои одамони имконияташон маҳдуд дар вилояти Суғд ҷудо гардид.
Қабл аз татбиқи лоиҳа, одамони имконияташон маҳдуд дар вилояти Суғд маҷбуран ба шаҳри Душанбе бо харҷи бештари маблағ ва вақт барои дарёфти табобат ва таъмири протезҳо дар КВД “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” сафар мекарданд.
Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Фонди махсуси Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх барои кумак расонидан ба одамони имконияташон маҳдуд иҷро карда шуд. Ин созмон рафти барқарорсозии биноро назорат карда баъди таъмир онро бо таҷҳизоти тиббӣ ва истеҳсолӣ муҷаҳҳаз гардонид. Ҳоло бинои шӯъбаи КВД “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хучанд пурра таъмир гашта одамони имконияташон маҳдуд аз вилояти Суғд метавонанд дар он ҷо муолиҷаи физиотерапевӣ ва барқарорсозӣ намуда, протезҳоро таъмир намоянд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Сафир КИТАОКА зимни баромад дар маросим изҳор дошт, ки лоиҳаҳои GGP-и Ҳукумати Ҷопон тавонистанд мусоидат дар рафъи тафовути рушди зерсохторҳои мухталиф, аз ҷумла иншоотҳои инфрасохторӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ намоянд. Ӯ инчунин афзуд, ки лоиҳаҳои мазкур дар тақвияти минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон накши мухим мебозанд.
Дар маросими анҷом ёфтани лоиха, дар баробари кормандони шӯъбаи КВД “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хучанд ва намояндагони ҳокимияти маҳаллии ш. Хуҷанд Назира Ғаффорӣ, муовини Раиси вилояти Суғд, Клаудия Аззолинӣ, роҳбари Ҳайати Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, Ҷоул Найнингер, роҳбари дафтари минтақавии Фонди махсус барои кумак ба одамони имконияташон маҳдуд дар Осиё ва Ҳошим Қосимов, роҳбари шӯъбаи КВД “Корхонаи протезӣ-ортопедии шаҳри Душанбе” дар шаҳри Хучанд иштирок карданд. Онҳо ба Ҳукумат ва мардуми Ҷопон барои чунин дастгирӣ миннатдории самими изҳор намуданд.
Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.
Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 352 лоиҳаро ба маблағи умумии $28,5 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.


