Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 маълумот медиҳад. Нишасти хабарӣ дар бинои ВКД доир мегардад. Оғоз соати 11:00; – Дар бинои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Вазорати фарҳанг доир мегардад. Оғоз соати 09:00. – Дар бинои  «Равзанаи ягона» (паҳлӯи Вазорати энергетика) […]

Asia-Plus

АНОНС

– Раҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 маълумот медиҳад. Нишасти хабарӣ дар бинои ВКД доир мегардад. Оғоз соати 11:00;

– Дар бинои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Вазорати фарҳанг доир мегардад. Оғоз соати 09:00.

– Дар бинои  «Равзанаи ягона» (паҳлӯи Вазорати энергетика) оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016 нишасти хабарии Кумитаи андоз барпо мешавад. Оғоз соати 09:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.8845 сомонӣ;

1 евро – 8.4025 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1292 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1939 — Шумораи нахустини газетаи «Ведомости Совети Олии РСС Тоҷикистон» ба чоп расид.

1946 — Дар ИМА гурӯҳи марказии иктишофӣ ташкил карда шуд, ки минбаъд ба Раёсати марказии иктишофӣ (ЦРУ) табдил ёфт.

2008 — Дар нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» агрегати якум ба кор дароварда шуд.

2010 — Вакилони МНМО ҶТ муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара»-ро тасдиқ намуданд.

2010 — Тоҷикистон созишнома дар бораи таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000-ро тасдиқ кард.

1923 — Мавлуди Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Савсан Бандишоева.

1935 — Зодрӯзи адабиётшинос, нависанда Валӣ Самад.

1944 — Мавлуди доктори илмҳои физика ва математика, профессор Ҷумъа Сафаров.

1950 — Зодрӯзи олими таърихшинос Раҳматулло Маҳмадшоев.

1964 – Мавлуди олими соҳаи геология Муфарраҳ Муҳаббатов.

1964 – Зодрӯзи олими соҳаи математика Раҳим Одинаев.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2, рӯзона +3+8; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +7+12; дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -6-11, рӯзона -2-7; дар шарқ шабона -28-33, рӯзона -11-16.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +6+11; дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0-5. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +7+9.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот назаррас.

Ҳарорат: шабона -12-14, рӯзона -3-5.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.