Кори расмии беш аз 11 ҳазор хориҷиён соли гузашта дар Тоҷикистон

Соли 2016 барои кори шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон 8 ҳазор квота тасдиқ шуда, вале дар амал беш аз 11,3 ҳазор нафар хориҷиён машғули кор буданд. Раиси Кумитаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, сабаби ин дар он аст, ки соли сипаришуда аз ҳисоби квотаҳои тасдиқшуда беш аз 5 ҳазор […]

Манижа Қурбонова, Asia-Plus

Соли 2016 барои кори шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон 8 ҳазор квота тасдиқ шуда, вале дар амал беш аз 11,3 ҳазор нафар хориҷиён машғули кор буданд.

Раиси Кумитаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода зимни нишасти хабарӣ гуфт, сабаби ин дар он аст, ки соли сипаришуда аз ҳисоби квотаҳои тасдиқшуда беш аз 5 ҳазор нафар хориҷиён бо кор таъмин шуда, боқимонда шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқи шартномаву қарордодҳои байниҳукуматӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар кишвар фаъолият доштаанд.

«Аксари шаҳрвандони хориҷии машғули кор дар Тоҷикистонро шаҳрвандони Чин ташкил медиҳанд, ки дар соҳаҳои саноати истихроҷу кӯҳкорӣ, энергетика ва сохтмон кор мекарданд», – қайд кард Тағойзода.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2016 барои риояи накардани қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон нисбати 492 нафар хориҷиён санадҳо тартиб дода шуда, 204 нафари онҳо аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ карда шуданд.

«Нафарони аз қаламрави Тоҷикистон хориҷшуда асосан шаҳрвандони Чин ва Афғонистон мебошанд, – иброз дошт вазир. – Маблағи умумии ҷаримаҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ барои қонуншиканӣ дар ин самт беш аз 65,1 ҳазор сомониро ташкил дод».

Зимнан зикр гардид, ки масъалаи тасдиқи квотаҳои кор дар соли 2017 барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо фармони президент тасдиқ мешавад, айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.