Сокини 29-солаи шаҳри Хуҷанд бо пулҳои қалбакӣ боздошт ва аз ӯ 8 адад купюраҳои 500 евро дарёфт ва мусодира шудааст.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, боздоштшуда дар бозори марказии шаҳри Исфара ин пулҳои қалбакии худро ба пули сомонии тоҷикӣ иваз карданӣ будааст.
Гуфта мешавад, санҷиш муайян намудааст, ки купюраҳои гирифташуда бидуни риоя кардани талаботҳои технологӣ тайёр карда шуда, қалбакӣ мебошанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


