Муноқишаи ҷавонони тоҷику қирғиз баъди бозии футбол

Date:

Бозии дӯстонаи футбол миёни ҷавонони деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ва Кӯктоши нохияи Бодканди Қирғизистон ба муноқишаву занозанӣ анҷомид.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Исфара дар ин робита хабар дод, бозӣ рӯзи 22 январ доир гардида, миёни футболбозон ва мухлисон муноқиша сар мезанад ва ҷавонони аз ҳамдигар норозӣ ба сангпартоӣ сӯи ҳамдигар оғоз мекунанд, ки дар натиҷа чандин нафар аз ҳарду тараф ҷароҳатҳои сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.

Кормандони милитсияи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд базудӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, вазъро зери назорат гирифтаанд ва мақомоти дахлдори ҳарду ҷониб сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Субҳи имрӯз фаъолони ҳарду тараф бо ҷавонон вохӯрдааанд, то ки минбаъд ба чунин ҳодисаҳо роҳ дода нашавад.

Ҳамчунин нимаи аввали имрӯз вохӯрии раиси шаҳри Исфара ва ҳокими Бодканд дар назар аст, ки дар он ҳодисаи мазкур баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо истинод ба Хадамоти марзбонии Қирғизистон, дар пайи ин муноқиша як манзил ва чаҳор мошини мутааллиқ ба сокинони ду тарафи марз зарар дидаанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...