Пояи 70-метраи Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода

То соли 2035 қаламрави шаҳри Турсунзода ба андозаи 537 гектар васеъ шуда, масоҳати умумии майдони қисматии марказии шаҳр 1 ҳазору 413 гектарро ташкил хоҳад дод. Раиси шаҳри Турсунзода Суҷоуддин Саломзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки Нақшаи нави генералии шаҳр бо ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба тасдиқи ҳукуамти ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст. Бино ба гуфтаи […]

Asia-Plus

То соли 2035 қаламрави шаҳри Турсунзода ба андозаи 537 гектар васеъ шуда, масоҳати умумии майдони қисматии марказии шаҳр 1 ҳазору 413 гектарро ташкил хоҳад дод.

Раиси шаҳри Турсунзода Суҷоуддин Саломзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки Нақшаи нави генералии шаҳр бо ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа шуда, ба тасдиқи ҳукуамти ҷумҳурӣ пешниҳод шудааст.

Бино ба гуфтаи раиси шаҳр, васеъ шудани қаламрави шаҳр аз ҳисоби заминҳои се ҷамоати гирду атрофи шаҳр сурат мегирад.

«Дар нақшаи нави генералӣ аз қаламрави шаҳр баровардани бозори марказӣ ва ба ҷойи он сохтани боғи муосири фарҳангу истироҳати ба номи Мирзо Турсунзода дар назар буда, дар он ҳамчунин поя бо Парчами давлатӣ бо баландии 70 метр ва нишон бо масоҳати 35 метр бунёд мегардад, – иброз дошт номбурда.

Қайд шуд, ки айни замон дар қисмати марказии шаҳр беш аз 60 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд, вале дар ин ҷо то ҳанӯз ягон боғи фароғату истироҳат вуҷуд надорад ва бо тасдиқи нақшаи нав, ин мушкилот ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Зимнан зикр гардид, ки ба таҳияи Нақшаи нави генералии шаҳри Турсунзода Ҷамъияти саҳҳомии «Шаҳрофар» (ш.Душанбе) машғул аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.