Ихтисори 800 нафар кормандони «Агроинвестбонк»

Яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон – ҶСК «Агроинвестбонк» маҷбур аст, ки тақрибан 800 нафар кормандонашро ихтисор кунад. Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ин тасмимро ба зарурати солимгардонии вазъи бонк нисбат медиҳад. Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 23 январ дар ин робита изҳор намуд, ки мувофиқи Нақшаи амали қабулшуда оид ба стратегияи солимгардонӣ, […]

Asia-Plus

Яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон – ҶСК «Агроинвестбонк» маҷбур аст, ки тақрибан 800 нафар кормандонашро ихтисор кунад. Раҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ин тасмимро ба зарурати солимгардонии вазъи бонк нисбат медиҳад.

Раиси БМТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни нишасти хабарии рӯзи 23 январ дар ин робита изҳор намуд, ки мувофиқи Нақшаи амали қабулшуда оид ба стратегияи солимгардонӣ, «Агроинвестбонк» бояд хароҷоташро кам кунад, аз ҷумла шумори кормандонашро низ ихтисор намояд.

«Агроинвестбонк» 800 нафар кормандонашро ихтисор карданист ва ин амалаш дуруст буда, вақте нақша қабул мешавад, табиист, ки дар мавриди иҷрои он бояд тадбирҳои мушаххас пеш гирифта шаванд», – гуфт Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар марҳилаи аввали иҷрои нақша, ки бо қарори ҳукумат қабул шудааст, бояд «хароҷоти дуюмдараҷа» кам шуда, яке аз тадбирҳои он коҳиши шумори воҳидҳои бонк, аз ҷумла филиалҳо ва дигар сохторҳо мебошад.

«Ба кормандони ихтисоршуда тавсия медиҳам, ки дар ҷойи дигар кор биҷӯянд ва агар онҳо мутахассиси хуб бошанд, дар дигар ташкилотҳои қарзӣ тариқи озмун кор ёфта метавонанд, – илова кард раиси БМТ. – Айни замон дар бахшҳои молӣ ва бонкии кишвар ба кормандони соҳибтаҷриба ниёз доранд, вале мо наметавонем ташкилотҳои қарзиро маҷбур созем, ки мутахассисони бекормондаи «Агроинвестбонк»-ро ба кор гиранд. Агар сатҳи тахассуси онҳо ҷавобгӯи талаботи бонкҳо набошад, бовр дорам, ки дар дигар ҷойҳо кор пайдо мекунанд».

ҶСК «Агроинвестбонк» ҳанӯз аввали соли 2016 ба мушкилоти камуди захираҳои молӣ дучор шуда, муштариёни бонк муддати тамоми соли гузашта ба воситаҳои худ дастрасии маҳдуд доштанд.

Як моҳ пеш ба хотири наҷоти «Агроинвестбонк», ҳукумат ба Вазорати молия дастур дод, ки ба бонк ба маблағи 1 млрд. 70 млн. сомонӣ коғазҳои қиматнок пешниҳод намояд ва таъминот бо пули нақди ин коғазҳо ба дӯши Бонки миллӣ вогузор шуд.

Мутобиқи қарори моҳи декабр аз ҷониби ҳукумат қабулшуда, «Агроинвестбонк» уҳдадор карда шуд, ки дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Бонки миллӣ дар муддати 1 моҳ Нақшаи амал оид ба стратегияи солимгардонии вазъи бонкро таҳия созад.

Бо назардошти бандҳои ин санад, бонк ба кам кардани шумори сохтор ва филиалҳои марказии худ ва мутаносибан шумори кормандон маҷбур аст.

Дар рӯйхати дороиҳои «Агроинвестбонк», ки аз ҷониби ҳукумат нашр шуд, беш аз 730 иншоот, аз ҷумла Саридораи бонк, ҳамчунин 69 филиал ва 5 маркази хизматгузории воқеъ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мавҷуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.