Beeline мегӯяд, аз андоз ҳудуди 350 млн. сомонӣ қарздор шудааст

Кумитаи андози Тоҷикистон корхонаи фаръии «ВимпелКом» – «Таком»-ро, ки дар Тоҷикистон зери тамғаи «Beeline Тоҷикистон» фаъолият дорад, ба пардохти маблағи андоз дар ҳаҷми 354 млн. сомонӣ (45 млн. доллар) уҳдадор кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» корманди масъули бахши робита бо ҷомеаи ширкат Мария Веторази хабар дод. «Соли 2016 мақомоти андози Тоҷикистон моро ба пардохти […]

Asia-Plus

Кумитаи андози Тоҷикистон корхонаи фаръии «ВимпелКом» – «Таком»-ро, ки дар Тоҷикистон зери тамғаи «Beeline Тоҷикистон» фаъолият дорад, ба пардохти маблағи андоз дар ҳаҷми 354 млн. сомонӣ (45 млн. доллар) уҳдадор кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» корманди масъули бахши робита бо ҷомеаи ширкат Мария Веторази хабар дод.

«Соли 2016 мақомоти андози Тоҷикистон моро ба пардохти 45 млн. доллар маблағи андоз уҳдадор карда, дар натиҷа бо назардошти андозу боҷҳо, тамоми пардохти молиявии ширкат дар соли 2016 ҳудуди 73 млн. долларро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки даромади умумии ширкат дар соли гузашта ба 68 млн. доллар баробар шуд», – қайд кард номбурда.

Дар идома М.Веторази зикр кард, ки аз ин бармеояд, ки ширкат ба пурра аз муомилот гирифтани маблағҳо ва зиёни назарраси соф дучор шуда, барои сармоягузорӣ бидуни захира монд.

«Мо ба ин даъвои мақомоти андоз розӣ нашуда, онҳоро бо тартиботи судӣ мавриди баҳс қарор медиҳем, – қайд кард ӯ. – Ширкати мо ҷиҳати ҳаллу фасл ва ба эътидол овардани вазъ манфиатдор аст, зеро ин ба сармоягузориҳои мо таъсири манфӣ мерасонад».

Ӯ ҳамчунин хотиррасон намуд, ки гурӯҳи «ВимпелКом» яке аз сармоягузорони бузурги Тоҷикистон буда, аз соли 2005 ба иқтисоди Тоҷикистон ширкат қариб дар ҳаҷми 300 млн. доллар сармоягузорӣ ва аз ҳисоби андозу боҷҳо беш аз 280 млн. доллар маблағ пардохт кардааст.

Қобили зикр аст, ки зимни нишасти хабарии рӯзи 20 январ раиси Кумтаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода дар мавриди ин масъала изҳор намуда буд, ки дар ширкати «Таком» (зери тамғаи «Билайн») ба маблаги 151,3 млн. сомонӣ рӯйпӯш кардани андозҳо ошкор шуда, ҷиҳати ҳаллу фасли ин масъала ба нафъи худ, ширкат тамоми зинаҳои судиро паси сар кард, вале ҳама қарорҳо ба нафъи буҷет содир шуданд.

Раиси Кумита ҳамчунин зикр карда буд, ки ширкати Beeline аллакай 80%-и қарз аз андоз ва ҷаримаҳоро пардохта, бо раҳбарияти он доир ба давра ба давра пардохт шудани маблағи боқимонда то моҳи март ба созиш расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сафи соҳибкорон дар Тоҷикистон 4,3% зиёд шудааст

Аз ҳама зиёдтар теъдоди соҳибкороне афзудааст, ки бо патент кор мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.