Ҳаракати нақлиёт миёни пойтахт ва шимоли кишвар қисман барқарор шуд

Ҳаракати нақлиёти автомобилӣ миёни минтақаи шимоли кишвар ва пойтахт субҳи имрӯз барқарор шуд. Автомашинаҳо ба самти Хуҷанд ҳаракат карда метавонанд. Ҳаракат ба самти Душанбе маҳдуд аст. Ҳаракати автомашинаҳо, ки ду рӯз қабл бар асари лағзиши беш аз 60 тармаи баландии миёнаашон ҳудуди 10 метр қатъ гардида буд, субҳи имрӯз барқарор шуда, кормандони филиали Ширкати саҳомии […]

Asia-Plus

Ҳаракати нақлиёти автомобилӣ миёни минтақаи шимоли кишвар ва пойтахт субҳи имрӯз барқарор шуд. Автомашинаҳо ба самти Хуҷанд ҳаракат карда метавонанд. Ҳаракат ба самти Душанбе маҳдуд аст.

Ҳаракати автомашинаҳо, ки ду рӯз қабл бар асари лағзиши беш аз 60 тармаи баландии миёнаашон ҳудуди 10 метр қатъ гардида буд, субҳи имрӯз барқарор шуда, кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Тоҷикистон қитъаҳои роҳи аз 46 то 73-юм километр ва аз 156 то 157 километрро аз барфрезаву тармаҳо тоза ва дар корҳои тозакунии роҳ 30 адад техникаи роҳ сафарбар шудааст.

Мутобиқи ҷадвали таҳиянамудаи Вазорати нақлиёт ва Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, ҳаракати автомашинаҳо ба самти Хуҷанд рӯзҳои ҷуфти ҳафта ва аз Хуҷанд ба самти Душанбе – рӯзҳои тоқи ҳафта ба роҳ монда шудааст.

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон аз ҳамаи ронандагоне, ки маҷбур шудаанд автомашинаҳои худро дар қитъаҳои дорои хатари тармафароӣ гузоранд, дархост мекунад, ки онҳоро аз он ҷо бигиранд.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро огоҳ мекунад, ки бино ба маълумоти обуҳавошинсон, аз 30 январ то 3 феврал дар қаламрави кишвар боришот ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти зиёди барфи тар дар назар аст.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бинобар вазъи номусоиди ҳаво дар шоҳроҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, Хоруғ –Мурғоб ва Хоруғ – Ишкошим хавфу хатари тармафароӣ ба амал омадааст.

Аз ин рӯ, аз тамоми ронандаҳои воситаҳои нақлиёт ва мусофирону меҳмонон хоҳиш карда шудааст, ки аз сафар ба минтақаҳои номбурда ва ҷойҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳаёти худу наздиконашонро зери хатар нагузоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио