Табрикоти ҳамдигарии сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия

Ба муносибати фарорасии 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Душанбе ва Анқара сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки тайи ин давра бар асари талошҳои муштарак ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва […]

Asia-Plus

Ба муносибати фарорасии 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни Душанбе ва Анқара сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркия ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки тайи ин давра бар асари талошҳои муштарак ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн бемайлон густариш ёфта, зинаҳои нави болотарро касб карданд.

«Дар ин раванд усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила хоси робитаҳои созандаи Тоҷикистону Туркия буданд, – таъкид мешавад дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон. – Тоҷикистон ҷонибдори таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дарозмуддати дӯстона бо Туркия мебошад ва ин мавқеъ созгори усули умдаи сиёсати хориҷии мост».

Дар барқияи табрикии президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган итминони комил изҳор мешавад, ки муносибатҳои ҳарду кишвар, ки бо равобити фарҳангиву таърихӣ ва дар асоси эҳтироми тарафайн, баробариву манфиати муштарак бунёд ёфтаанд, дар оянда низ рушд хоҳанд кард.

«Дар ин масир бори дигар таъкиди иродаи онро дорам, ки дар якҷоягӣ бо кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон ояндаи дурахшонро бунёд хоҳем кард», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Туркия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио