Санҷиши аудитории БМТ се моҳ идома дорад

Date:

Санҷиши фаъолияти молиявии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аллакай муддати се моҳ идома дорад.

Муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Зафар Азимӣ зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2016 санҷиши нақшавии БМТ семоҳаи охири сол пешбинӣ шуда, аудиторони Палата аввали моҳи декабр ба санҷиш оғоз карданд ва аз натиҷаҳои он танҳо баъди анҷоми санҷиш метавон маълумот дод.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2014 Палатаи ҳисоб ҳамасола аудити фаъолияти Бонки миллиро мегузаронад.

Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши фаъолияти БМТ дар соли 2014 раҳбарияти Палатаи ҳисоб дар бораи ғайримақсаднок истифода шудани воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми 234,1 млн. сомонӣ (наздики 45 млн. доллар бо қурби охири соли 2014) хабар дода, дар ин робита якчанд кормандони бонк аз вазифаҳояшон озод шуда буданд.

Тибқи натиҷаҳои санҷиши соли 2015 ҳаннотии кормандони бонк дар бозори асъори кишвар ошкор шуда, дар натиҷа 6 нафар аз онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд.

Собиқ раиси Падатаи ҳисоб Дилмурод Давлатзода изҳор дошта буд, ки минбаъд санҷишҳо аз ҷониби Палатаи ҳисоб ҳамасола сурат мегиранд.

«Ҳарчанд муддати чандин сол аудиторони байнулмилалӣ дар Бонки миллӣ санҷиш гузаронанд ҳам, вале ҳар як халқ хусусиятҳои вижаи худро дорад. Гуфтаҳои моро ҳамчун танқид қабул накунед, вале бисёр чизҳое, ки мо ошкор мекунем, аз назари аудиторони байнулмилалӣ дур мемонад», – зикр карда буд ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...