Президент се нафар судяҳоро аз вазифа озод кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифа озод шудани се нафар судяҳо фармон ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муофиқи фармони перзидент Ғоибназар Амирхоҷа аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон ва Ҷумъазода Усмоналӣ Шариф аз вазифаи раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шудаанд. Гуфта мешавад, Асрорзода Ҳакимҷон […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифа озод шудани се нафар судяҳо фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, муофиқи фармони перзидент Ғоибназар Амирхоҷа аз вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон ва Ҷумъазода Усмоналӣ Шариф аз вазифаи раиси суди шаҳри Истаравшани вилояти Суғд озод карда шудаанд.

Гуфта мешавад, Асрорзода Ҳакимҷон Тӯйчӣ бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи муовини раиси суди ноҳияи Ашти вилояти Суғд озод карда шавад.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи январ бо фармони сарвари давлат, раиси суди ноҳияи Нуробод Ғайбулло Мирзозода барои содир намудани кирдори пастзанандаи шаъну эътибори судя аз мансаб сабукдӯш гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.