Сармоягузорони тоҷик ба Қазоқистон даъват шуданд

Date:

Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов сармоягузорони имконпазири тоҷикро ба иштирок дар хусусигардонии дороиҳои давлатии кишвараш даъват мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Қазоқистон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ бо раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи ҶТ Файзиддин Қаҳҳорзода сафири қазоқ ӯро бо ҷараёни хусусигардонии дороиҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ гардонидани иқтисоди Қазоқистон муфассал шинос намуда, сармоягузорони имконпазири Тоҷикистонро ба иштирок дар ин раванд даъват кардааст.

Ҳамчунин Сейтимов доир ба самтҳои нави рушди кишвараш, ки дар паёми президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба мардум таҳти унвони «Таҷдиди сеюми Қазоқистон: рақобатпазирии глобалӣ» зикр шудаанд, маълумот додааст.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ рушди тадриҷии савдои мутақобиларо қайд карда, изҳор доштаанд, ки сарфи назар аз вазъи душвор дар иқтисоди ҷаҳон, барои густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон имконоти кофӣ мавҷуд аст.

Дар ин ҳошия масоили муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла омодагӣ ба баргузории ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии кишварҳо, ки рӯзҳои 15-16 феврал дар Остона доир мегардад, баррасӣ шудаанд.

Ғайр аз ин, дар вохӯрӣ аҳамияти ҳамоишҳои тиҷоратии соли 2016 доиргардида ва сафари ҳайатҳои соҳибкорон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон таъкид шуда, ҳамчунин ба масъалаҳои пуштибонӣ аз талошҳои доираҳои кории кишварҳо дар роҳандозии робитаҳои мустақими тиҷоратӣ, муҳайё сохтани шароитҳои мусоид барои фаъолияти сармоягузорӣ дар кишварҳо таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Масъалаи ҷаласаи байниҳукуматии Қазоқистону Тоҷикистон дар Остонаро Сеймитов ҳамчунин дар вохӯрӣ бо сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Комил Мирзоалӣ низ баррасӣ кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Вохӯрии сафири Қазоқистон бо сардори КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон"

Зимни ин вохӯрӣ масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар бахши алоқаи роҳи оҳан, аз ҷумла таҳвили локомотивҳои қазоқии «Evolution» ба Тоҷикистон баррасӣ шуда, сафир ҳамсуҳбати худро муфассал бо имконоти содиротии истеҳсолкунадагони қазоқ барои корхонаи Тоҷикистон шинос кардааст.

Дар навбати худ ҷониби Тоҷикистон ба масъалаи интиқоли маҳсулоти саноати мошинсозии роҳи оҳани Қазоқистон барои эҳтиёҷоти роҳи оҳани ҷумҳурӣ, дар навбати аввал релсҳои роҳи оҳан ва нимавагонҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудааст.

Сафири қазоқ Комил Мирзоалиро бо мукофоти баланд – Ордени “Достик” дараҷаи II барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ миёни Қазоқистону Тоҷикистон дар бахши роҳи оҳани кишварҳо табрик гуфта, ба ҳамкории минбаъдаи пурсамар дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи шарикии стратегӣ омодагӣ изҳор намудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...