Дар Душанбе ташрифи вазири корҳои хориҷии Афғонистонро интизоранд

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Соли гузашта парлумони Афғонистон ӯро ба истеъфо фиристоданӣ буд, лекин нахутсвазир доктор Абдулло Абдулло аз ҳамсафи худ ҳимоя карда тавонист. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, аз 15 то 18 феврал роҳбари идораи сиёсати хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо сафари […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо сафари серӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Соли гузашта парлумони Афғонистон ӯро ба истеъфо фиристоданӣ буд, лекин нахутсвазир доктор Абдулло Абдулло аз ҳамсафи худ ҳимоя карда тавонист.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, аз 15 то 18 феврал роҳбари идораи сиёсати хориҷии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Зимни сафар дидору гуфтушуниди ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Аслов дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки аввали ҳамин ҳафта Салоҳиддин Раббонӣ бо сафар дар Маскав қарор дошта, бо ҳамтои русиягии худ Сергей Лавров дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, бо натиҷагирӣ аз ин вохӯрӣ намояндагони Кобул ба марҳилаи дуюми машваратҳо оид ба ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон даъват шудааанд, ки ин иқдом бо ташаббуси Маскав сурат гирифта, дар он бояд дипломатҳои Чину Покистон ва Эрону Ҳиндустон низ ширкат варзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.