Тавсияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар мавриди пӯшидани сарулибоси миллӣ танҳо ба муассисаҳои таълимӣ дахл дошта, кӯдакони муассисаҳои томактабиро касе тавсия надодааст, ки сарулибоси миллӣ аз атласу адрасро ба бар кунанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ падару модарони чанде аз тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо изҳор намудаанд, ки роҳбарони ин муассисаҳо онҳоро маҷбур сохтаанд, ки барои кӯдаконашон сарулибоси миллӣ, аз ҷумла ба духтарон курта аз атлас ё адрас ва ба писарон камзӯлчаву тоқӣ дӯзанд ва то ҷашни Наврӯз онҳо ҳамин гуна либосро мепӯшанд.
Дар Раёсати маорифи пойтахт ин маълумотро рад карда, изҳор намуданд, ки дар ин хусус ба кӯдакистонҳо ҳеҷ гуна тавсияе дода нашудааст.
«Дар мактуби Вазорати маориф танҳо ба омӯзгорону толибилмони мактабҳо ва донишҷӯён тавсия дода шудааст, ки моҳи март сарулибос аз матоъҳои миллиро ба бар кунанд», – иброз дошт дар ин робита сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидулло Фақеров.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, тарбиятгирандагони як қатор кӯдакистонҳо, ки дар чорабиниҳои идона иштирок мекунанд, сарулибоси миллӣ ба бар карда, ин танҳо ба чорабиниҳои ҷашни Наврӯз марбут аст, на муддати тамоми моҳ.
Роҳбари Раёсати маорифи пойтахт ҳамчунин аз волидон дархост намуд, ки дар сурати аз онҳо талаб кардани таъмини кӯдаконашон бо сарулибоиси миллӣ, ба Раёсати маорифи шаҳр ё Вазорати маориф муроҷиат намоянд.
Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи феврал Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба тамоми муассисаҳои таълимӣ мактуб ирсол намуд, ки дар он ба омӯзгорон, толибилмони мактабҳо ва донишҷӯён пӯшидани сарулибос аз матоъҳои анъанавӣ тавсия дода мешавад.
Котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дастури ба муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби Вазорат ирсолшуда тавсия аст.
«Мо касеро ба пӯшидани сарулибоси миллӣ маҷбур карданӣ нестем ва духтарони мактабхон дар баробари сарулибос (форма)-и мактабӣ моҳи март метавонанд куртаҳои зебо аз адрас ё атласро низ ба бар дошта бошанд, – гуфт ӯ. – Дар ин масъала Вазорат касеро маҳдуд карданӣ нест ва агар касе ба донишҷӯёну толибилмони мактабҳо тавсияи моро ба сифати уҳдадорӣ ҳатмӣ маънидод карданӣ шавад, дар ин хусус онҳо метавонанд тариқи телефони боварӣ – (+99237) 2277686 ба Вазорат муроҷиат намоянд».
Қобили зикр аст, ки ҳамасола пеш аз фарорасии идҳо нархи матоъҳои адрасу атлас дар бозорҳо боло мераванд. Пеш аз ҷашни Наврӯз арзиши як курта аз атлас тақрибан 300 сомонӣ (каме бештар аз 37 доллар)-ро ташкил дода метавонад.


