Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедовро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистон барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистон барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «аз нав интихоб шудани Шумо ба ин маснади масъули давлатӣ баёнгари возеҳи эътимоди баланди мардум нисбат ба роҳи сиёсие мебошад, ки таҳти роҳбарии Шумо ба хотири шукуфоии бемайлони кишвар ва некуаҳволии мардуми он мавриди татбиқи амалӣ қарор дорад».

«Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти президентии Шумо муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Туркманистон минбаъд низ ба нафъи ду давлат ва мардумонашон таҳкиму рушд хоҳанд ёфт», – омадааст дар барқия.

Ёдрас мекунем, ки президенти феълии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо касби 97,69 дарсади оро дар интихоботи президентии ин кишвар рӯзи 12 феврал пирӯз эълом шуд. Ба ғайр аз ӯ дар интихобот боз ҳашт номзади дигар ширкат доштанд. Кумисюни марказии интихоботии Туркманистон гуфтааст, зиёда аз 97%-и интихобкунандагон райъ доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.