Боздошти ғоратгарзани гӯшвораҳои духтарчаҳои хурдсол

Дар шаҳри Душанбе зани 27-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба гумони даст доштан дар ғорати гӯшвораҳои духтарчаҳои хурдсол боздошт шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда қаблан низ барои содир намудани ҷинятҳои ба ин монанд маҳкум шуда будааст. Гуфта мешавад, зани гумонбаршуда гӯшвораҳои арзишноки духтарчаҳои хурдсолро бо роҳи зӯрӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе зани 27-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба гумони даст доштан дар ғорати гӯшвораҳои духтарчаҳои хурдсол боздошт шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, гумонбаршуда қаблан низ барои содир намудани ҷинятҳои ба ин монанд маҳкум шуда будааст.

Гуфта мешавад, зани гумонбаршуда гӯшвораҳои арзишноки духтарчаҳои хурдсолро бо роҳи зӯрӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезадааст.

«Номбурда 26-уми декабри соли 2016 дар кӯчаи Н.Қарабоев аз гӯши духтарчаи 9-солаи сокини шаҳри Душанбе як ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, ки арзишаш 1 ҳазору 200 сомонӣ, 10-уми феврали соли ҷорӣ дар кӯчаи Қосимов гӯшвори тиллоии духтарчаи 8-соларо, ки арзишаш 1000 сомонӣ ва аз духтарчаи 10-солаи сокини пойтахт, гӯшвори арзишаш 800 сомониро тасарруф намудааст», – омадааст дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.