Мизи гирд бахшида ба 25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия таҳти унвони «Марҳилаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия: робитаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва гуманитарӣ» мизи гирди байнулмилалӣ ҷараён дорад. Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор намуд, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор […]

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 25-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия таҳти унвони «Марҳилаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия: робитаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва гуманитарӣ» мизи гирди байнулмилалӣ ҷараён дорад.

Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов изҳор намуд, ки муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, сарфи назар аз буҳрони иқтисодӣ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо беш аз 1 млрд. долларро ташкил додааст.

«Ҳаҷми сармяогузориҳои андӯхтаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,7 млрд. долларро ташкил медиҳад, – иброз дошт ӯ. – Бисёр корхонаҳои муштараки давлатҳо фаъолият дошта, ширкатҳои мобилии «Мегафон» ва «Таком» ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 50 млн. доллар сароягузорӣ кардаанд».

Сафир ҳамчунин аз рушди ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникии кишварҳо сухан гуфта, қайд кард, ки ҳамасола дар мактабҳои олии ҳарбии Русия 600 нафар тоҷикистониён ба таҳсил фаро гирифта шуда, то 1 ҳазор нафар мутахассисони ҳарбии Тоҷикистон дар пойгоҳи низомии 201-ум дар давраҳои такмили ихтисосу омодагӣ таълим мегиранд.

«Дар бахшҳои маорифу фарҳанг низ ҳамкориҳо пурсамар ба роҳ монда шудааст, – зикр кард сафир. – Масалан, беш аз 20 ҳазор нафар тоҷикистониён дар мактабҳои олии Русия таҳсил намуда, дар ин самт Маркази илму фарҳангу Русия дар Душанбе нақши муҳим дорад ва ояндаи наздик ифтитоҳи филиали ин марказ дар Хуҷанд дар назар аст».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.