Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  7.9458 сомонӣ; 1 евро – 8.4655 сомонӣ; 1 рубли русӣ – 0.1364 сомонӣ.   ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ 1959 – Ифтитоҳи Анҷумани IV-уми нависандагони Тоҷикистон. Раиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Мирзо Турсунзода дар мавзӯи […]

Asia-Plus

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  7.9458 сомонӣ;

1 евро – 8.4655 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1364 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1959 – Ифтитоҳи Анҷумани IV-уми нависандагони Тоҷикистон. Раиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Ҳаёт ва адабиёт» маърӯза кард.

2002 – Дар Брюссел санад оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба барномаи НАТО «Шарикӣ ба хотири сулҳ» ба имзо расид.

2006 — Оғози сохтмони нерӯгоҳи барқи обии-барқии «Сангтӯда-2».

2013 — Дар шаҳри Хоруғ мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли генерал Абдулло Назаров шурӯъ шуд. Мурофиа пушти дарҳои пӯшида дар тавқифгоҳи мувваққатӣ (СИЗО)-и шаҳр ҷараён гирифт.

1926 – Зодрӯзи коргардони кино Муқаддас Маҳмудов.

1929 – Мавлуди шоир Абдуҷалил Воситзода.

1929 – Зодрӯзи оҳангсоз Яхиэл Сабзанов.

1936 – Мавлуди доктори улуми тиббӣ, профессор Мухтор Муродов.

1936 – Зодрӯзи шоири русзабони Тоҷикистон Леонид Пашенко.

1940 – Мавлуди шоир Ғоиб Сафарзода.

1943 — Зодрӯзи олим Миродасен Худоиев.

1948 — Мавлуди доктори улуми филология Мирзо Муллоаҳмадов.

1950 – Зодрӯзи Гул Шералӣ, собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон.

1951 – Мавлуди Сайдамир Зуҳуров, сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати ҶТ.

1955 – Зодрӯзи оҳангсоз Қудратулло Ҳикматов.

1966 – Мавлуди Ниёзмуродов Саидмурод, собиқ раиси раёсати ҶСК «Агроинвестбонк».

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона -3+2; дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона -2-7.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -7-12, рӯзона -1+4; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4+1, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -8-13, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4-9, рӯзона -1+4; дар доманакӯҳҳо шабона -7-12, рӯзона -2-7. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона 0+2.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -5-7, рӯзона -1+1.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона -1+1.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -4-6.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.