Манъи ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои пойтахт зимни сафари президенти Русия

Нимаи дуюми имрӯз президенти Русия Владимир Путин бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад ва дар ин робита ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳо муваққатан манъ карда мешавад. Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, имрӯз аз соати 13:00 то 15:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи кӯчаҳои Шоҳтемур ва […]

Asia-Plus

Нимаи дуюми имрӯз президенти Русия Владимир Путин бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад ва дар ин робита ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳо муваққатан манъ карда мешавад.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон, имрӯз аз соати 13:00 то 15:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои А.Дониш, Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи кӯчаҳои Шоҳтемур ва Теҳрон, Шероз то хиёбони И.Сомонӣ, Шероз – И.Сомонӣ то чорроҳаи кӯчаҳои И.Сомонӣ – А.Сино муваққатан манъ карда мешавад.

Аз соати 17:30 то19:00 дар кӯчаи Шероз, хиёбони И.Сомонӣ ва кӯчаи Низомии Ганҷавӣ ва аз соати 19:30 то 20:30 аз хиёбони Исмоили Сомонӣ аз серроҳаи И.Сомонӣ – Рӯдакӣ то давродаври хиёбони И.Сомонӣ – А.Сино ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

Рӯзи 28 феврал аз соати 10:00 то 12:30 ҳаракати воситаи нақлиёт аз кӯчаҳои Нурулло Ҳувайдуллоев то Низоми Ганҷавӣ, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони А.Сино, тавассути хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Айнӣ, Аҳмади Дониш ва М.Мастонгулов то фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маҳдуд карда мешавад.

Раёсати БДА аз шаҳрвандон, иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки талаботи танзимгарони БДА ва Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, дар вақтҳои қайдгардида аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.