БМТ ба бонкҳо қарзҳои кӯтоҳмуҳлат тариқи музоядаро пешниҳод мекунад

Date:

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) таҷрибаи байнулмилаии ба бонкҳо пешниҳод намудани қарзҳои кӯтоҳмуҳлат тавассути баргузор намудани музоядаҳоро ҷорӣ мекунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти БМТ, воситаи нави амалиёти монетарӣ бо мақсади таъмини самаранокии идоракунии сиёсати пулию қарзӣ, вусъатдиҳии амалиётҳо бо пули миллӣ ва ба танзимдарории бозори байнибонкии қарзӣ роҳандозӣ мешавад.

«Механизми қарзии мазкур дар асоси принсипҳои амалиёт дар бозори озод пешниҳоди қарзҳои кӯтоҳмуҳлатро тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ дар назар дошта, он барои дастрасӣ ба пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз БМТ тариқи музоядаҳои қарзӣ шароити мусоид фароҳам меорад», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад, музоядаҳои қарзии БМТ аз 2 марти соли 2017 шурӯъ гардида, мунтазам ҳар ҳафта тибқи нақша бо муҳлатҳои 14 ва 28 рӯз гузаронида мешаванд. Меъёри ибтидоии (ҳадди ақалли) фоизӣ барои дархостҳои ташкилотҳои қарзӣ дар сатҳи меъёри бозтамвил ҷамъи ду банди фоизӣ муқаррар карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ба сифати гарави қарз ташкилотҳои қарзӣ метавонанд коғазҳои қиматноки давлатӣ, коғазҳои қиматноки БМТ, асъори хориҷӣ ва амонатҳои дар Бонки миллии Тоҷикистон бударо истифода баранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...