Вазири фарҳанг: Замони аз тайёрхӯрӣ даст кашидани ВАО-и давлатӣ фаро расидааст

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳор дошт, ки маблағгузории васоити ахбори оммаи давлатӣ дар ҳаҷми пештара боқӣ монда, вале дар ҳамин ҳол, онҳо бояд дар шароити иқтисоди бозорӣ кор карданро биомӯзанд. Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Шамсиддин Орумбекзода дар ин робита қайд кард, ки хабарҳо дар бораи аз аввали соли равон кам шудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳор дошт, ки маблағгузории васоити ахбори оммаи давлатӣ дар ҳаҷми пештара боқӣ монда, вале дар ҳамин ҳол, онҳо бояд дар шароити иқтисоди бозорӣ кор карданро биомӯзанд.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Шамсиддин Орумбекзода дар ин робита қайд кард, ки хабарҳо дар бораи аз аввали соли равон кам шудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба ВАО-и давлатии Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.

«Имсол ҳам чун солҳои пешин маблағгузории нашрияҳои давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети давлатии кишвар сурат мегирад, – иброз дошт вазир. – Аммо зери мафҳуми маблағгузории давлатӣ танҳо сари музди меҳнати кормандони ВАО-и давлатӣ сухан меравад, хароҷоти боқимонда бошад, аз ҷумла пардохти ҳаққи қалам чун пешина аз ҳисоби даромадҳои худи нашрияҳо пардохта мешавад».

Ӯ таъкид дошт, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ва рақобати шадид ВАО-и давлатиро дар ниҳояти кор зарур аст, ки аз тайёрхӯрӣ даст кашида, вақти ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави маблағгузорӣ фаро расидааст.

«Ҳамааш ба муҳаррир ва кормандон вобаста буда, аагар газетаи давлатӣ бо теъдоди 600 нусха ба нашр расад, дар бораи кадом дастгирии давлатӣ сухан метавон гуфт», – зикр кард вазир.

Дар ҳамин ҳол, хотиррасон шуд, ки рӯзномаҳои марказии ҷумҳурӣ, аз қабили «Ҷумҳурият», «Садои мардум», нашрияи ҲХДТ – «Минбари халқ» хуб фаъолият дошта, ба маблағгузории иловагӣ аз ҷониби ноширони худ ниёз надоранд.

Зимнан зикр гардид, ки маблағгузории газетаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – нашрияҳои ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, дар Тоҷикистон 10 телевизион, 110 нашрия, 7 радио ва як оҷонсии давлатии хабарӣ (АМИТ Ховар) аз ҳисоби будҷа фаъолият мекунанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.