Раиси ВМКБ доир ба се манбаи ба худкифоӣ расидани вилоят

Зимни посух ба саволҳои журналистон рӯзи 28 феврал раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед изҳор намуд, ки барои раҳоии вилоят аз кумаки молии давлатӣ (дотатсия), ки имрӯз ҳудуди 80%-ро ташкил медиҳад, дар буҷет се манбаъи имконпазир вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин сарчашмаҳо рушди сайёҳӣ (туризм) буда, ин соҳа маблағгузории зиёдро талаб намекунад ва дар […]

Шонаврӯз Афзалшоев, Asia-Plus

Зимни посух ба саволҳои журналистон рӯзи 28 феврал раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед изҳор намуд, ки барои раҳоии вилоят аз кумаки молии давлатӣ (дотатсия), ки имрӯз ҳудуди 80%-ро ташкил медиҳад, дар буҷет се манбаъи имконпазир вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин сарчашмаҳо рушди сайёҳӣ (туризм) буда, ин соҳа маблағгузории зиёдро талаб намекунад ва дар муҳалти кӯтоҳ ба буҷет даромадҳои иловагӣ оварда метавонад.

«Табиати Бадахшон барои сайру саёҳат офарида шуда, барои рушди ин бахш танҳо дар густариши маъракаи  таблиғ (рекалама) ва беҳбуди сифати хизматгузорӣ кӯшиш ба харҷ додан зарур аст», – қайд кард раиси вилоят.

Бино ба маълумоти ӯ, соли гузашта беш аз 400 ҳазор сайёҳон аз Тоҷикистон боздид намуда, аз ин миқдор ба ВМКБ ҳамагӣ ҳудуди 3 ҳазор нафар рост меояд.

«Агар ин шумор ҳаддди ақал то 100 ҳазор нафар расонида шавад, пас худатон тасаввур кунед, ки чӣ қадар фоида метавон ба даст овард», – зикр кард номбурда.

Сарчашмаи дигари афзоиши даромад ба буҷети вилоятро Шодихон Ҷамшед рушди саноати кӯҳкорӣ унвон кард.

«Баҳри рушди ин соҳа ҳукумат санадҳои дахлдори қонунгузорӣ қабул карда, соли гузашта барои корҳои иктишофӣ дар 17 кони тиллои пошида иҷозатнома дода шуд, ки сокинони маҳаллиро ба кӯшишу ташаббусҳо дар ин самт водор месозад, – гуфт ӯ. – Барои коркарди дигар конҳо маблағгузориҳои зиёд ва захираҳои энергетикӣ зарур аст».

Зимнан зикр гардид, ки манбаи сеюми даромади иловагӣ барои буҷети ВМКБ имконоти энергетикии вилоят аст.

«Мувофиқи ҳисобу китоби мутахассисон, захираи обиву энергетикии мо ба 6,7 млрд. кВт/соат баробар аст, – гуфт раиси вилоят. – Имрӯз бошад, дар вилоят ҳамагӣ 171 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мешавад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон то охири ҳафта борону селҳо пешбинӣ шудааст

Дар Тоҷикистон аз 22 то 24 апрел дар як қатор минтақаҳо боришот, баъзан боришоти пуршиддат пешгӯӣ шудааст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.