Гуруҳи Ҳелсинкии Лаҳистон дар умури ҳуқуқи инсон хабар додааст, ки Варшава ба даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон паноҳандагӣ надод. Садҳо тоҷикистонӣ дар сарҳади ин давлати аврупоӣ дармондаанд.
Бино ба маълумоти Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Даниэл Витко, ҳуқуқшиноси Гуруҳи Ҳелсинкии Лаҳистон гуфтааст, бисёре аз паноҳҷӯён виза надоранд ва ба ин хотир маҷбуранд, моҳҳо дар марз мунтазир истанд.
"Ман як шаҳрванди Тоҷикистонро медонам, ки ҳамроҳ бо хонаводааш се моҳ дар марзи Украинаву Лаҳистон мунтазири вуруд аст. Дар шиносномаҳои онҳо ҷои холӣ барои муҳр намондааст ва онҳо ба Украина ҳам баргашта наметавонанд", – иброз доштааст Витко.
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, шумори тоҷиконе, ки мехоҳанд тариқи Лаҳистон вориди Аврупо шаванд, дақиқ нест. Аммо онҳое, ки вориди Лаҳистон шудаанд, мегӯянд, танҳо дар марзи Белорус бо Лаҳистон аз 100 то 200 паноҳҷӯй аз Тоҷикистон дармондаанд.
Созмони Human Rights Watch (HRW) низ аз вазъи паноҳандаҳои тоҷик изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, Лаҳистон одатан вайрон кардани ҳуқуқи инсонро нодида мегирад ва паноҳҷӯёнро дубора ба Белорус мефиристад.
Тибқи иттилои Хадамоти кор бо шаҳрвандони хориҷии вазорати корҳои дохилии Лаҳистон, ки тобистони соли гузашта нашр шуд, наздики 1200 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар паноҳандагӣ хостаанд. Аз ин шумор ҳамагӣ шаш нафар расман соҳиби мақоми паноҳанда шудааст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Созмони Ҳуқуқи Башари Ҳелсинкӣ дар Лаҳистон масоили паноҳҷӯёнро низ таҳқиқ ва аз ҳаққи баъзе аз онҳо дар додгоҳҳои кишвар дифоъ мекунад. Ба гуфтаи мақомоти Лаҳистон, соли 2016, 650 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардаанд вале аксарияташон ҷавоби рад гирифтаанд.


