Коммунистони тоҷик дар зодрӯзи Ленин пешвои нави худро интихоб мекунанд

Дар Душанбе пленуми 33-юми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардида, дар он масъалаи даъвати анҷумани ғайринавбатии ҳизб баррасӣ шуд, ки дар ин анҷуман пешвои нави коммунистони тоҷик интихоб мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи марказии ҲКТ хабар дод, пленум Мирзоазим Насимовро аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲКТ озод карда, иҷрои ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Душанбе пленуми 33-юми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) доир гардида, дар он масъалаи даъвати анҷумани ғайринавбатии ҳизб баррасӣ шуд, ки дар ин анҷуман пешвои нави коммунистони тоҷик интихоб мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи марказии ҲКТ хабар дод, пленум Мирзоазим Насимовро аз мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲКТ озод карда, иҷрои ин уҳдадориро ба дӯши котиби ҳизб Меҳроҷ Абдуллоев вогузор намуд.

Бо қарори пленум, анҷумани ғайринавбатии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон санаи 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе даъват карда шуд.

Қобили зикр аст, ки санаи 22 апрел ҳаракати байнулмилалии коммунистӣ 147-умин солгарди зодрӯзи доҳии пролетариати ҷаҳон, муассиси нахустин давлати сотсиалистӣ дар саросари дунё Владимир Ленинро ҷашн мегирад.

Тибқи маълумоти ба «Азия-Плюс» расида, Меҳроҷ Абдуллоеви 65-сола полковники мустаъфӣ буда, солҳои тӯлонӣ дар низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, замони мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт.

Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов раиси ивазнашавандаи он буда, аввали моҳи июли соли гузашта Исмоил Талбаков, муовини аввали ӯ низ муддати солҳои тӯлонӣ раиси ҲКТ интихоб шуд.

Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. Аввали соли равон котиби ҳизб Мирзоазим Насимов муваққатан иҷрокунандаи раиси ҲКТ таъин шуд.

Бино ба маълумоти худи коммунистон, имрӯз ҲКТ дар сафҳои худ ҳудуди 45 ҳазор нафар аъзо дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат