Президент ректорони 5 мактаби олиро иваз кард

Date:

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, мулоқот намуданд.

Тағироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин, Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Кумитаи телевизион ва радиоро дарбар гирифт.

ГАЛЛЕРЕЯ (7)







Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷдиди сохтор Раҳматуллозода Сахидод -Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, Ниёзӣ Ёрмуҳаммад – Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатзода Қудрат ба вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Шарифзода Мумин Машокир – Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Фақеров Ҳамидуллохон – Ректори Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Ҷӯрабоев Ҷамшед – Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Идиев Хайриддин- Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода таъин гардида, Латифзода Диловар аз вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд.

Давлатзода Зевар аз вазифаи Директори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанг таъин гардид. Бо Қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Музаффар – муовини Вазири фарҳанг, Саидов Носир – Дирекори муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина", Шамсуддинзода Садриддин – Директори муассисаи давлатии "Ҷаҳоннамо" ва Шамсиддинзода Субҳиддин – Директори телевизиони "Тоҷикистон" таъин гардиданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳайати Раёсати Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардиданд.

Ба вазифаи Сардорони раёсатҳои маорифи вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тавсия шуда, барои рафъи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, гузаронидани ислоҳоти соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ки нав таъин гардиданд, дастур доданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намуда, барои аз байн бурдани кирдорҳои дорои характери коррупсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, шафофият ва назорати дурусти маблағҳои буҷети давлатӣ ва таъмини фазои солеҳ дар муассисаҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешанд .

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссарони ҳарбии Комиссариятҳои ҳарбии ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин командирони қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби кадрҳои ҷавон, таълимгирифтагони ду-се муассисаи олии таҳсилоти низомӣ дар дохил ва хориҷи кишвар таъин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъули соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таъингардидаро ба хизмати софдилона ва садоқат ба давлату миллат даъват намуда, таъкид доштанд, дар иҷрои вазифаҳои базиммадошта бо ҳисси баланди масъулият муносибат намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...